Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазирон хостори баррасии бӯҳрони муҳоҷират шуданд


Олмон, Фаронса ва Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо хостори кор гирифтан аз гомҳои мушаххас барои бурунрафт аз бӯҳрони марбут ба вуруди паноҳандагон шуданд.

Вазири умури дохилии Олмон Томас де Мезиер, вазири умури дохилаи Фаронса Бернар Казнев ва вазири умури дохилаи Бритониё Тереза Мей рӯзи 30 август дар як изҳороти муштарак даъват карданд, ки қабули фирориён дар ҷануби Аврупо беҳтар сурат бигирад.

Бино ба изҳорот, бояд дар Юнон ва Италия нуқтаҳои махсус таъсис ёфта, ҳуввияти ҳар муҳоҷир мушаххас карда ва ӯ изи панҷа гирифта шавад, ки ба мақомот имкон медиҳад афроди ниёзманд ба кӯмакро муқаррар кунанд. Муҳоҷирон аз шимоли Африқо ва Ховари Миёна асосан тавассути ин ду кишвар вориди Аврупо мешаванд.

Вазирон ҳамчунин хостори баргузории нишасти махсуси вазирони умури дохила ва адлияи кишварҳои узви Иттиҳолдияи Аврупо барои баррасии бӯҳрон шуданд. Ин нишаст, ба гуфтаи онҳо, бояд дар ду ҳафтаи наздик доир карда шавад.

XS
SM
MD
LG