Пайвандҳои дастрасӣ

Назорат дар роҳҳои оҳани Аврупо сахттар мешавад


Вазирони умури дохилӣ ва нақлиёти нӯҳ кишвари Аврупо чораҳои нави тақвияти амният дар роҳҳои оҳани қораро таҳия карданд. Нишасти вазирон рӯзи шанбе дар пойтахти Фаронса баъд аз як ҳодисаи тирандозӣ дар қатори масири Амстердам-Порис баргузор шуд.

Бернар Казнев, вазири умури хориҷии Фаронса рӯзи 30 август ба хабарнигорон гуфт, вазирон дар бораи таҳкими назорати мусофирону бағоҷи онҳо, ташдиди қонун дар бораи силоҳ ва ҳамкории зичтари хадамоти амниятии кишварҳои аврупоӣ тасмим гирифтанд.

Вазири умури дохилии Олмон Томас де Мезиер изҳор намуд, тафтиши миллионҳо мусофир, ки ҳамарӯза аз қаторҳои мусофирбар истифода мекунанд, осон нест, аммо беҳбудро дар ин бахш метавон чашмдор шуд.

Дар нишаст вазирони умури дохилӣ ва нақлиёти Фаронса, Бритониё, Олмон, Италия, Испания, Белгия, Люксембург, Ҳолланд ва Швейсария ширкат доштанд.

Ҳамла дар қатори Thalys, ки аз Амстердам сӯи Порис ҳаракат мекард, 21 август сурат гирифт. Дар натиҷаи тирандозӣ аз сӯи шаҳрванди Марокаш Аюб Қаззонӣ, се нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамлагар аз сӯи худи мусофирон безарар гардонида шуд.

XS
SM
MD
LG