Пайвандҳои дастрасӣ

Питер Грест хостори афв аз сӯи Ас-Сисӣ шуд


Питер Грест

Питер Грест

Питер Грест, хабарнигори шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” аз раисиҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ хост, ки ӯ ва ду ҳамкорашро, ки аз сӯи додгоҳи Қоҳира ба се солии маҳбас маҳкум шудаанд, афв кунад. Грест, шаҳрванди Австралия, дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Сидней рӯзи 30 август гуфт, акнун навбати раисиҷумҳури Ас-Сисӣ аст, ки ваъдаи аз аввал додааш дар бораи афв кардани моро иҷро кунад”. Ӯ ҳукми додгоҳро нодуруст ва дорои ангезаи сиёсӣ номид.

Хабарнигорони “Ал-Ҷазира” Питер Грест, шаҳрванди мисритабори Канада Муҳаммад Фаҳмӣ ва ҳамкори мисрии онҳо Баҳор Муҳаммад моҳи декабри соли 2013 боздошт ва соли гузашта бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин” ва пахши иттилоъи бардурӯғ, ки ба амнияти Миср осеб мерасонад,ба муддати 7 солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Додгоҳи Миср рӯзи 29 август ин ҳукмро тайғир дод ва онҳоро ба 3 солии зиндон маҳкум намуд.

Ҳукми пешини додгоҳ боиси эътирози созмонҳои хабарнигорӣ шуд ва ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, саркӯбшавии озодии матбуот дар Мисрро урён кард. Созмони Amnesty Internationalё Афви Байнулмилал ин ҳукмро “дурӯғӣ” ва “ҳамлаи хашин ба озодии матбуот” номида буд.

Питер Грест моҳи январи соли равон маҳбасро тарк намуд ва бо қарори раисиҷумҳур Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ аз Миср хориҷ карда шуд. Муҳаммад Фаҳмӣ ва Баҳор Муҳаммад бо пардохти гаравпулӣ озод карда шуда буданд.

XS
SM
MD
LG