Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 27 муҳоҷир дар марзи Австрияву Олмон


Кормандони полиси Австрия рӯзи 29 август, баъд аз нигаҳ доштани як мошини боркаш бо 27 паноҳанда дар наздикиҳои марз бо Олмон, се кӯдаки аз ташнагӣ бемадорро пайдо карданд. Кӯдакон ба бемористон интиқол дода шуданд. Ба иттилои хабаргузории австриягии APA, паноҳандагон шаҳрвандони Афғонистон, Бангладеш ва Сурия буданд.

Ронандаи мошин – шаҳрванди Руминия боздошт шуд.

Ду рӯз пеш кормандони полиси Австрия дар шоҳроҳи Будапешт-Вена дар мошине ҷасади 71 муҳоҷири ҳалокшударо пайдо карданд, ки миёни онҳо 4 кӯдак ва 8 зан ҳам будаанд. Ҳамаи онҳо нафасгир шудаанд.

Дар робита ба ин қазия чаҳор нафар – се булғорӣ ва як афғон дастгир шуданд. Гуфта мешавад, онҳо аъзои оддии як гурӯҳи кочоқбареанд, ки интиқоли муҳоҷирон аз Ховари Миёна ва шимоли Африқо ба кишварҳои аврупоиро ба тиҷорати сердаромад табдил кардаанд..

XS
SM
MD
LG