Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се кӯдаки аз ташнагӣ беҳолу бемадор дар як мошини боркаш бо муҳоҷирон дар як мавзеъи Австрия ошкор шуданд. Фоҷиаи “Кӣ то Аврупо зинда мерасад”, ки муаллифонаш то ҳол пушти пардаанд, идома дорад.

Кӯдакони аз ташнагӣ бемадорро кормандони полиси Австрия рӯзи 29 август, баъд аз нигаҳ доштани як мошини боркаш бо 27 паноҳанда дар наздикиҳои марз бо Олмон, пайдо карданд. Онҳо ба таври оҷил ба бемористон интиқол дода шуданд. Хабаргузории APA навиштааст, ки паноҳандагон шаҳрвандони Афғонистон, Бангладеш ва Сурия будаанд. Ронандаи мошин – шаҳрванди Руминия боздошт шуд.

Ду рӯз пеш кормандони полиси Австрия дар шоҳроҳи Будапешт-Вена дар мошине ҷасади 71 муҳоҷири ҳалокшударо пайдо карданд, ки миёни онҳо 4 кӯдак ва 8 зан ҳам будаанд. Ҳамаи онҳо нафасгир шудаанд. Дар робита ба ин қазия чаҳор нафар – се булғорӣ ва як афғон дастгир шуданд. Онҳо аъзои оддии як гурӯҳи кочоқбареанд, ки интиқоли муҳоҷирон аз Ховари Миёна ва шимоли Африқо ба кишварҳои аврупоиро ба тиҷорати сердаромад табдил кардаанд, мутмаинанд кормандони полиси Австрия.

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Марги муҳоҷирон дар Австрия ва хабарҳо аз ҳалокати онҳо дар баҳри Миёназамин Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ-ро водор кард, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостори пайдо кардани “роҳҳҳали муштараки сиёсӣ” дар робита ба вазъи паноҳандагон аз шимоли Африқо ва Ховари Миёнаро шавад. Дар изҳороти ӯ, ки рӯзи 29 август нашр шуд, омадааст, барои ҳалли мушкил талошҳои хело бештар аз имрӯз заруранд.

Бан Ки Мун вазъи бо муҳоҷирон дар Аврупо ба вуқӯъ пайвастаро «бӯҳрони ҳамраъй» номид ва аз кишварҳои аврупоӣ даъват намуд, ки роҳҳои вуруди қонунӣ ва бехатари муҳоҷиронро тавсеъа диҳанд, бо онҳо бархӯрди башардӯстона кунанд, мушкилашонро дар чаҳорчӯби меъёрҳои байнулмилалӣ ҳалу фасл намоянд. Ин як фоҷиаи инсонист, ки амалҳои оҷил ва қатъии сиёсиро тақозо мекунад, гуфтааст Дабири кулли СММ.

Бан Ки Мун дар изҳороташ ба он нукта таъкид кард, ки бештари паноҳандагон, аз ҷумла, онҳоеро, ки рӯзҳои ахир ҷон бохтанд, ҷангу ноамнӣ дар аз Сурияву Ироқ ва Афғонистон барои сафари пурхатар ба Аврупо маҷбур сохтааст.

Ҷош Емист, сухангӯи Кохи Сафед ҳам дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон, ахиран ба ин нукта таъкид кард ва гуфт, хушунат ва бесуботӣ дар шимоли Африқо ва Ховари Миёна на фақат худи ин минтақаро нооромтар мекунад, балки таъсираш ба дигар манотиқи олам, ба шумули Аврупо, ҳам расидааст.

Ишораи сиёсатмадори амрикоӣ ба эътирозҳо алайҳи қабули муҳоҷирон дар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла, дар Олмон аст. Аммо мухолифини вуруди “меҳмонони нохонда” ба нишони эътироз ба амалҳое ҳам даст мезананд – аввали ҳафта як толори варзиш дар шаҳри Науен, воқеъ дар 40-километрии ғарби Берлин, ки бояд ба қароргоҳи муваққати паноҳандагон табдил мешуд, ба коми оташ рафт.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел амалҳои эътирозӣ зидди паноҳандагонро, ки охири ҳафтаи гузашта дар шарқи кишвар баргузор шуданд, шадидан маҳкум кард. "Он чӣ нафратовар аст, ки ифтрогароҳои ростгаро ва фошистҳои нав афкори хашини худро дар зеҳни ҷомеъа ҷой карданӣ мешаванд ва вақте шаҳрвандони оддии дорои оилаву фарзанд ба онҳо ҳамроҳ мешаванд, воқеъан ҷойи шарм аст", гуфт Ангела Меркел.

Қарор аст, ки соли равон Олмон тақрибан 800 ҳазор паноҳандаро дар қаламраваш ҷой диҳад.

Марзҳо дубора симхорпеч мешаванд

Марзҳо дубора симхорпеч мешаванд

Даъвати Бан Ки Мун аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои пайдо кардани роҳҳали “роҳҳҳали муштараки сиёсӣ” дар робита ба вазъи муҳоҷирон аз шимоли Африқо ва Ховари Миёна дар ҳолест, ки бино ба як пешгӯии Комиссариати Олии СММ дар умури паноҳандагон, ҳамарӯза тақрибан 3 ҳазор фирориён аз манотиқи ҷангзада тавассути Юнон вориди Македония хоҳанд шуд.
Мелисса Флеминг, сухангӯи комиссариат, ахиран гуфт, ки моҳҳои оянда мавҷи одамон поён нахоҳад ёфт ва ба идомаи хушунат дар Сурияву Ироқ ва бадтар шудани вазъи фирориён дар урдугоҳҳои Туркия, Урдун ва Лубнон ишора кард.

Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, Аврупо дар ҳалли мушкили муҳоҷирон аз Ховари Миёна ва шимоли Африқо каме саргум шудааст, зеро бархе кишварҳо чун Шветсияву Олмон бо вуҷуди эътирозҳо барои қабули афроди аз ҷангу ҷидол гурехта омодаанд, аммо бархе кишварҳое чун Македония ва Чехияву Словакия барои ҷилавгирӣ аз вуруди меҳмонони ба гуфтаашон “нохонда” назорати марзҳои худро тақвият медиҳанд ва ҳатто ба ин кор низомиёнро ҳам сафарбар карданианд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG