Пайвандҳои дастрасӣ

"Моро гипноз карданд..." Боздошти 14 ҷонибдори "Давлати Исломӣ"


Акс аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Акс аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки як гуруҳ аз сокинони ҷавони Норак барои баёни садоқати худ ба "Давлати Исломӣ" дар маркази ин шаҳр парчами сиёҳро овезон кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти 14 сокини шаҳри Норак ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи "Давлати Исломӣ" хабар дод. Ҳарчанд ному насаби даҳ тани онҳо расман эълон шудааст, аммо дар бораи чаҳор нафари дигар аслан чизе гуфта наешавад. Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 29 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷавонтарини афроди боздоштшуда 21 ва бузургсолашон 37-сола буда, бархеи онҳо гӯё узвияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро низ доштаанд. Иттилое, ки то ҳанӯз раҳбарияти ҲНИТ таъйид ё такзибаш накардаанд.

Ба иттилои манбаъ, чордаҳ сокини шаҳри Норак тавассути Интернет бо Юнус ном шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия ошно шуда, барои баёни садоқаташон ба ӯ ва ҳамроҳонаш дар гурӯҳи "Давлати Исломӣ" парчами сиёҳро дар маркази Норак боло кардаанд. Давлиё Саидов, яке аз боздоштшудаҳо дар сӯҳбат бо муфаттишон гуфтааст, ӯ бо роҳнамоии Юнус аз Душанбе матои сиёҳу ранги сафед харидорӣ карда буд.

"Юнус таъкид кард, ки вақте парчамро овезон кардем, ҳатман акс гирифта, ба ӯ фиристем," -- афзудааст вай. Давлиё Саидов гуфтааст, ҳоло аз асли қазия бохабар шуда, аз хатои кардааш пушаймон аст. Вале гуфтааст, "дар оғоз аслан чизеро пай намебурдам ва ҳоло фикр мекунам, гӯё моро гипноз карда буданд".

Ин дувумин ҳолати дар ноҳияҳои вилояти Хатлон боло шудани парчами монанд ба байрақи "Давлати Исломӣ"-ст. Аввали моҳи август мақомот аз пайдо шудани парчами сиёҳ бо навиштаи "Аллоҳ" дар маркази ноҳияи Шаҳритус хабар доданд. Вазорати корҳои дохилӣ низ мегӯяд, дар робита ба ин қазия ҳашт нафарро боздошт карда, Маҳмадалӣ Абдуллоеви 15-сола, ки аз муттаҳамони аслии ин қазия будааст, таҳти пайгард қарор додааст.

Ҳашт тани боздоштшуда дар робита ба парчами сиёҳ дар Шаҳритус дар сӯҳбатҳои худ аз Абӯсаид ном нафаре ёдоварӣ кардаанд, ки ба қавли онҳо дар минтақаҳои доғи Ховари Миёна қарор дошта, бо Маҳмадалии 15-сола тавассути Интернет дӯстӣ мекардааст. ​Рамазонбек Худойбердиев, яке аз ин ҷавонҳо ба маъмурони пулис гуфтааст, ки Маҳмадалӣ онҳоро ғоибона бо Абӯсаид шинос карда ва ба ӯ ваъда дода будааст, ки ҳар супорише диҳад, иҷро хоҳанд кард. Ба қавли Худойбрдиев, "ман гуфтам, ки ин кор лозим нест. Ӯ ба ман амри маъруф кард ва ман билохира розӣ шудам. Гадоев Бахтӣ моро сурат гирифт ва Маҳмадалӣ тарқи Вотсапп суратро фиристод".

Яке дигар аз ин боздоштшудаҳо гуфтааст, роҳбарони ғоибонаашон ҳатто дар миёни онҳо як нафари фидоиро ҷустуҷӯ мекарданд. Чаро ки ба гуфтаи ӯ, онҳо қасд доштаанд тавассути ин фидоӣ бинои Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Шаҳритусро бикафонанд.

Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, боло кардани парчами сиёҳ дар ноҳияи Шаҳритус соати 1-и шаб сурат гирифтааст ва онҳо дар ин кор волидони ҷавононро муқассир дониста, ба бепарвоӣ муттаҳам мекунанд. Тӯйчибой Тошев, падари Худойбахш Тошев, яке аз ҷавонҳои боздоштшуда мегӯяд, ӯ ҳамон шаб чанд бор ба писараш занг зада буд. "Аммо ба сабаби хомӯш будани телефонаш натавонистам бо ӯ суҳбат кунам ва дар куҷо буданашро пурсам. Кори хато кардем, вале ин дафъа ҳушёртар мешавем", -- афзуд ӯ.

Комёб Ҷалилов, коршиноси умури амниятӣ, мегӯяд, ҳарчанд ин парчамҳо ҷуз як матои сиёҳе беш нестанд, вале зоҳиран аз сӯи кадом нерӯе барои асабонӣ кардани мақомот овезон мешаванд. Ӯ афзуд, "решаҳои асосии ин корро бояд ёфт. Пуштибонҳои асосияшонро бояд пайдо кард. Чунки агар решаву пуштибон намедоштанд, ин корро намекарданд.”

Баъди боло шудани парчами сиёҳ дар Шаҳритус ва, инак шаҳри Норак, дар навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа аз ҳисоби асосан омӯзгорону фаъолони ҷамъиятӣ навбатдории шабона ташкил шудааст, ки ҳадафаш ошкор намудани "афроди бегона" ва "шубаҳанок" мебошад. Маркази асосии ин навбатдориҳо макотиби миёна буда, вале навбатдорон муваззаф будаанд, ки маркази деҳаҳо, ҷамоат ва ноҳияҳоро низ назорат кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG