Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумияти кормандони "Ал-Ҷазира" ба 3-солии зиндон


Муҳаммад Фаҳмӣ ва Баҳор Муҳаммад

Муҳаммад Фаҳмӣ ва Баҳор Муҳаммад

Додгоҳи Миср рӯзи 29 август ҳукми се хабарнигори инглисзабони шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”, ки дар терроризм айбдор шудаанд, тайғир дод ва онҳоро ба 3 солии зиндон маҳкум намуд.

Соли гузашта хабарнигорони шабака - шаҳрванди Австралия Питер Грест, шаҳрванди Канадаву Миср Муҳаммад Фаҳмӣ ва ҳамкори мисрии онҳо Баҳор Муҳаммад бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин” ва пахши иттилоъи дурӯғ дар бораи Миср ба муддатӣ 7 солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Онҳо моҳи декабри соли 2013 боздошт шуда буданд. Хабарнигорон иттиҳоми мақомоти Мисрро рад кардаанд.

Ҳукми пешини додгоҳ боиси эътирози созмонҳои хабарнигорӣ шуд ва ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, саркӯбшавии озодии матбуот дар Мисрро урён кард. Созмони Amnesty Internationalё Афви Байнулмилал ин ҳукмро “дурӯғӣ” ва “ҳамлаи хашин ба озодии матбуот” номид.

Моҳи январи соли равон дар бораи бознигарии ин ҳукм тасмим гирифта шуд. Аз ин пеш мурофиаи додгоҳӣ ду бор мавқуф гузошта шуда буд. Питер Грест моҳи январ маҳбасро тарк намуд ва бо қарори раисиҷумҳур Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ аз Миср хориҷ карда шуд. Муҳаммад Фаҳмӣ ва Баҳор Муҳаммад бо пардохти гаравпулӣ озод карда шуда буданд.

XS
SM
MD
LG