Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бознигарии парвандаи хабарнигорони "Ал-Ҷазира"


Муҳаммад Фаҳмӣ ва Баҳор Муҳаммад
Муҳаммад Фаҳмӣ ва Баҳор Муҳаммад

Додгоҳи Миср рӯзи 29 август дар робита ба бознигарии парвандаҳои ҷиноии хабарнигорони шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”, ки дар терроризм айбдор шудаанд, тасмим мегиранд.

Хабарнигорони ин шабака - шаҳрванди Австралия Питер Грест, шаҳрванди Канадаву Миср Муҳаммад Фпҳмӣ ва ҳамкори мисрии онҳо Баҳор Муҳаммад соли гузашта бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин” ва пахши иттилоъи дурӯғ дар бораи Миср ба муддатӣ 7 солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Созмони Amnesty Internationalё Афви Байнулмилал ин ҳукмро “дурӯғӣ” ва “ҳамлаи хашин ба озодии матбуот” номид.

Моҳи январи соли равон дар бораи бознигарии ин ҳукм тасмим гирифта шуд. Аз ин пеш мурофиаи додгоҳӣ ду бор мавқуф гузошта шуда буд. Питер Грест моҳи январ маҳбасро тарк намуд ва бо қарори раисиҷумҳур Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ аз Миср хориҷ карда шуд.

XS
SM
MD
LG