Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун: Роҳҳали сиёсии қазияи муҳоҷиронро ёбем


Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ки “роҳҳҳали муштараки сиёсӣ” дар робита ба вазъи паноҳандагон аз шимоли Африқо ва Ховари Миёнаро пайдо кунад.

Дар изҳороти ӯ, ки рӯзи 29 август нашр шуд, омадааст, барои ҳалли мушкил талошҳои хело бештар аз имрӯз заруранд. Бан Ки Мун вазъияти бо муҳоҷирон дар Аврупо ба вуқӯъ пайвастаро «бӯҳрони ҳамраъй» номид ва аз кишварҳои аврупоӣ даъват намуд, ки роҳҳои вуруди қонунӣ ва бехатари муҳоҷиронро тавсеъа диҳанд, бо онҳо ҳамдардӣ ва рафтори башардӯстона кунанд, мушкилашонро дар чаҳорчӯби меъёрҳои байнулмилалӣ ҳаллу фасл намоянд.Ин як фоҷиаи инсонист, ки амалҳои оҷил ва қатъии сиёсиро тақозо мекунад, гуфтааст Дабири кулли СММ.

Аз ин пеш полиси Австрия дар шоҳроҳи Будапешт-Вена дар як мошин ҷасади 71 муҳоҷири ҳалокшударо пайдо кард, ки миёни онҳо 4 кӯдак ва 8 зан ҳам будаанд. Ҳамаи онҳо нафасгир шудаанд. Дар робита ба ин қазия 3 нафарро дар Маҷористон дастгир кардаанд. Пулиси Австрия ҳадс зад, ки фавтидагон шаҳрвандони Сурия буданд.

Рӯзи 28 август дар соҳилҳои Либия ду киштӣ бо муҳоҷирон ғарқ шуд, ки дар натиҷа беш аз сад кас ҷон бохтанд.

Бан Ки Мун дар изҳороташ ба он нукта таъкид кард, ки бештари паноҳандагон аз Сурияву Ироқ ва Афғонистонанд ва онҳоро ҷангу ноамнӣ дар кишварҳояшон барои сафари пурхатар ба Аврупо маҷбур сохтааст.

XS
SM
MD
LG