Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳонии католики муттаҳам ба фаҳшо даргузашт


Йозеф Веселовский, архиепископи пешини калисои католикӣ ва намояндаи Ватикан дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки моҳи июни соли ҷорӣ расман ба фаҳшо ва дастдарозӣ ба ноболиғон айбдор шуд, даргузаштааст. Мақомоти Ватикан мегӯянд, ки Веселовский 67 сол дошт ва солҳои охир аз беморӣ ранҷ мебурд. Йозеф Веселовский, ки пас аз анҷоми намояндагияш дар Осиёи Марказӣ ба ҳайси сафири Попи Рум дар Доминикан фаъолият дошт, ба иттилои мақомоти тафтишотӣ дар ивази маблағ ноболиғонро ба корҳои фаҳш ҷалб менамудааст. Ба иттилои онҳо, аз компютери Веселовский беш аз 100 ҳазор навору расмҳои фаҳш бо иштироки ноболиғон ёфт шудааст.

XS
SM
MD
LG