Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси роҳҳои хатми ҷанги Сурия дар Маскав


Майкл Ратни

Майкл Ратни

Майкл Ратни, фиристодаи хоси ҷадиди Амрико дар умури Сурия рӯзи 28 август дар Маскав бо фиристодаи вижаи президенти Русия дар умури Ховари Миёна Михаил Богданов мулоқот кард. Ин дидор дар пасманзари афзоиши талошҳои байналмилалӣ ба хотири хатми ҷанги чорсолаи шаҳрвандӣ дар Сурия сурат мегирад. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ду ҷониб дидгоҳҳои худ дар мавриди “роҳҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли бӯҳрони Сурия ва чолишҳои марбут ба набард алайҳи таҳдиди террор”-ро баҳс кардаанд. Русия муттаҳиди президенти Сурия Башор Асад буда, дар ҳафтаҳои охир мизбони чандин тан аз раҳбарони Ховари Миёна буд. Маскав хостори нақши бештари миёнаравӣ дар низои Сурия ва дар талошҳо алайҳи ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” мебошад.

XS
SM
MD
LG