Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон


Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон рӯзи 28 август дар синни 50 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, ҷасади Акбари Сатторро бародараш баъд аз пешин аз бӯстонсарои ӯ дар соҳили канали Ҳисор дар минтақаи Чоряккорон пайдо кардааст. Зоҳиран сактаи қалб сабаби марги ин журналисти маъруф шудааст. Умед Бобохонов, сардабири “Азия Плюс” ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари марги Акбари Саттор таконаш додааст. Акбари Саттор аз соли 2007 раҳбарии бузургтарин созмони журналистии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва узви Кумиссиюни марказии интихоботи ин кишвар буд. Акбари Саттор соли 1990 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербурги имрӯза)-и Русияро хатм карда, фаъолияташро дар нашрияи “Ҷумҳурият” оғоз кардааст. Ӯ дар солҳои 90 ибтидо ҳафтаномаи “Дайҷест-Пресс” ва ба дунболи он “Чархи гардун”-ро таъсис дод. Иттиҳодияи эҷодии “Чархи гардун”-и Акбари Саттор бар иловаи ин ду нашрия ҳамчунин ҳафтаномаҳои “Вечерний Душанбе”, “Аладдин” ва “Марду зан”-ро фаро мегирифт. Акбари Саттор соҳиби 5 фарзанд буд. Маросими дафни Акбари Саттор рӯзи шанбе дар зодгоҳаш - рустои Мортеппаи ноҳияи Ҳисор баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG