Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тирандозии нав дар Кашмир


Даргириҳои ахир байни нирӯҳои марзбонии Ҳинду Покистон дар минтақаи баҳсии Кашмир мунҷар ба ҳалокати ду нафари мулкӣ аз ҷониби Ҳинд ва захмӣ шудани 16 тани дигар шуд. Мақомоти Ҳинд нирӯҳои Покистонро ба шурӯи ин тирандозии шоми 27 август в атаҳрики ҷониби дигар ба оташи ҷавобӣ айбдор карданд. Ҷониби Покистон ҳанӯз вокуниш накардааст. Байни ду кишвар дар марзи Кашмир аз соли 2003 оташбас ҷорӣ шудааст, вале пайваста аз ин хатти марз дар бораи даргириҳо гузориш мешавад. Ҳинду Покистон ҳарду Кашмирро қаламрави худ мешуморанд ва аз соли 1947 барои Кашмир ду дафъа вориди ҷанг ҳам шудаанд.

XS
SM
MD
LG