Пайвандҳои дастрасӣ

Отамбоев сафараш ба Амрикоро лағв кард


Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев сафараш ба Амрикоро, ки ба поёни моҳи сентябр барномарезӣ шуда буд, лағв кард. Сухангӯи президент Алмос Усенов ба Радиои Озодӣ гуфт, ин сафар ба далели интихоботи парлумонии Қирғизистон, ки 4 октябр доир мешавад, лағв шудааст. Отамбоев аз замони расиданаш ба мақом дар декабри соли 2011 ягон бор ба Амрико сафари расмӣ накардааст. Вакили мухолифин дар парлумон Равшан Ҷиёнбеков тасмими Отамбоевро ба интиқод кашид ва гуфт, ӯ ба далели наранҷондани Русия сафарашро лағв кардааст. Равобити Маскаву Вошингтон дар пайи тасарруфи нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия дар моҳи марти соли 2014 ба таниш печидааст. Қирғизистон аз муттаҳидони наздики Русия ба шумор меравад ва дар ибтидои моҳи август ба Иттиҳоди иқтисодиии АвроОсиё, як созмони минтақавии зери назари Маскав пайваст. Як моҳ пеш аз он Бишкек созишномаи ҳамкориаш бо Амрикоро мутаваққиф кард. Вошингтон гуфт, ин иқдом ба ироаи ёриҳои Амрико ба Қирғизистон таъсир хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG