Пайвандҳои дастрасӣ

Глушенко барои ташкили куштор 17 сол гирифт


Михаил Глушенко

Михаил Глушенко

Як вакили собиқи парлуумони Русия барои нақшаш дар ташкили қатли вакили дигар Галина Старовойтова дар соли 1998 ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи Санкт-Петербург ҳукми Михаил Глушенкоро рӯзи 28 август эълон кард. Глушенко дар соли 2013 ба ташкили қатли Старовойтова, ҳамраиси ҳизби демократи Русия айбдор шуда буд. Ӯ соли 2015 ба ҳамкорӣ бо тафтишот розӣ шуда, соҳибкор Владимир Барсуковро фармоишгари қатли Старовойтова номид. Старовойтова рӯзи 20 ноябри соли 1998 дар назди манзилаш дар Петербург кушта шуд. Дар соли 2005 ду нафар бо ҷурми қатли ин сиёсатмадор ба 20 ва 23,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Барсуков қаблан бо иттиҳомоти дигар даастгир, вале баъди чанде озод шуда буд.

XS
SM
MD
LG