Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паштун, тоҷик, ҳазора, узбак, туркман ё афғон?


Акси шиносномаи шаҳрвандони Афғонистон

Акси шиносномаи шаҳрвандони Афғонистон

Дар Афғонистон тасмим гирифтаанд, ба ҷойи шиносномаи дохилӣ корти ҳуввият ҷорӣ намоянд, ки дар он калимаи афғон навишта нахоҳад шуд. Ва ин масъала баҳсеро дар ҷомеаи ин кишвар ба миён овардааст.

Ҳукумати Афғонистон тасмим гирифтааст, ба ҷойи шиносномаи дохилӣ корти ҳуввият ё худ тазкира ҷорӣ намояд. Тавре расонаҳои афғонӣ менависанд, зоҳиран, зикр нашудани вожаи афғон боис ба таъхири иҷрои ин барнома шудааст.

Аъзои як созмони ҷавонон дар вилояти Пактиёи Афғонистон ҳам гуфтааст, дар сурати зикр нашудани вожаи афғон дар санади электронии ҳуввият онҳо ин санадро намегиранд. Аъзои ҷиргаи муштараки Пактиё дар як нишасте рӯзи 26 август ин масъаларо баррасӣ кард ва аз ҳукумати Афғонистон хост, дар санади нав, ки ҷойи шиносномаҳоро мегирад, вожаи миллати афғонро ҳатман зикр кунанд.

Аммо бахши дигаре аз ҷомеаи Афғонистон мухолифи ҷой додани ин вожа дар санадҳои ҳуввият ҳастанд.

Ҳамкори мо Тоҳири Сафар ин масъаларо бо Жакфар Аҳмадӣ -- шореҳи Радиои Афғонистони Озод дар Прага дар миён гузошт ва хулосаашро дар навори зер бубинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG