Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон панҷум шуд


​Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Қазоқистон мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, мақоми панҷумро касб кард. Вай дар вазни зери 90 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Каролис Бауза аз Литва, дар даври дувум бар Исао Карденас аз Мексика, дар даври севум бар Ноел Ван Т Энд аз Ҳолланд ва дар даври чорум бар Арон Ҳилдебрант аз Олмон пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар нимфинал аз Донг Ҳан Гвак аз Куриёи Ҷанубӣ шикаст хӯрд. Баъдан Устопириён барои ҷойи севум ва ба даст овардани медали биринҷӣ аз Машу Бакери ҷопонӣ мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷои панҷумро соҳибӣ кард.

Барои ҷои севум, инчунин гуштигири гурҷӣ Варлам Либартелианӣ бар ҳамватани худ Бека Гвиниашвилӣ ғолиб омад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ бошад, Донг Ҳан Гваки куриёӣ бар Кирилл Денисови русиягӣ пирӯз шуд ва ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло даст ёфт.

Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар пойтахти Қазоқистон – Остона – то рӯзи 30 август идома меёбад, бо шумули ҳашт варзишгар ширкат дорад.

Пеш аз Комроншоҳ панҷ варзишгари тоҷик - Умед Абдураҳимов (66 кг), Кароматулло Ҳакимов ва Шӯҳратҷони Фархизода (ҳарду дар вазни 73 кг), Фарҳод Раҳимов ва Саидҷамол Алимардонов (ҳарду дар вазни 81 кг) дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Умед Абдураҳимов рӯзи 25 август дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Марко Викисевич (Сербия) мағлуб гашт. Рӯзи 26 август боз ду намояндаи Тоҷикистон ба нокомӣ дучор шуд. Кароматулло Ҳакимов, ки дар аввалин рақобати худ бар Неоклис Скоуромоунис (Кипр) дастболо гардид, дар даври баъдӣ аз Ням-Очир Саинҷаргал (Муғулистон) шикаст хӯрд. Шӯҳратҷони Фархизода низ баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Ҷосуа Депрез (Гаити), дар даври дувум қувваозмоиро ба Ҷаромир Ҷезек (Ҷумҳурии Чех) бохт.

Рӯзи 27 август Саидҷамол Алимардонов бар Свейнбҷом Иура (Исландия) ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Ласло Сокнял (Маҷористон) шикаст хӯрд. Фарҳод Раҳимов бошад, дар нахустин рақобати худ аз Травис Стевенс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) мағлуб гашт.

Рӯзи 29 август боз ду паҳлавони тоҷик - Саидҷалол Саидов (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) – вориди рақобат мешаванд. Саидҷалол Саидов бо Герго Фогасу (Маҷористон) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо Ислом Ал-Шаҳобӣ (Миср) қувваозмоӣ мекунанд.

Дар ин мусобиқа 729 гуштигир (432 мард ва 297 зан) аз 120 кишвари ҷаҳон барои 14 маҷмӯи медалҳо дар сабқати инфиродӣ байни мардону занон, инчунин барои ду маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаӣ мубориза мебаранд.

Баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ Ҷопон бо касби 10 медал (5 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи аввал, Куриёи Ҷанубӣ бо 5 медал (2-0-3) дар ҷойи дувум ва Фаронса бо 5 медал (1-2-2) дар ҷойи севум қарор доранд.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигироне, ки барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд, имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро пурра намоянд. Барои медали тилло 900 имтиёз дода мешавад, ки ин аз “нархи” ғолиби олимпӣ ҳамагӣ 100 имтиёз камтар аст. Барои медали нуқра 540 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 360 имтиёз дода мешавад. Ба ҷуз ин, маблағи ҷавоизи сабқати инфиродӣ 300 ҳазор доллар ва сабқати дастаӣ 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии дзюдо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани дзюдо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

XS
SM
MD
LG