Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ордени “Шараф”-и Озода Раҳмон


Озода Раҳмон, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ордени “Шараф”, дараҷаи як, қадрдонӣ шудааст. Ин орден рӯзи 28 август дар “Кохи Миллат”-и Душанбе бахшида ба 24-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон тақдим гардид. Озода Раҳмон духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки рутбаи дипломатии Сафири фавқулода ва мухторро дорад. Ӯ соли 2000-ум Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2006 Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди Амрико (бахши забономӯзӣ)-ро хатм кардааст. Аз 15 майи соли гузашта боз муовини аввали вазири корҳои хориҷист.

XS
SM
MD
LG