Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти зидди Толибон дар Мӯсоқалъа


Мӯсоқалъа. Акс аз бойгонӣ
Мӯсоқалъа. Акс аз бойгонӣ

Нирӯҳои НАТО ва Амрико рӯзи 27 август ба амалиёти артиши Афғонистон алайҳи ҷангиёни Толибон дар ҷануби он кишвар пайвастанд. Бо гузашти қариб 14 сол аз амалиёти таҳти раҳбарии Амрико, ки мунҷар ба суқути режими Толибон, ин гурӯҳи ҷангӣ дигарбоар пеш меравад. Толибон рӯзи 26 август барои бори аввал аз соли 2007 вулусволии Мӯсоқалъа дар вилояти Ҳилмандро ба даст оварданд. Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, “муовини вазир ҳоло дар Ҳилманд қарор дорад ва амалиёт барои касби дубораи назорат бар Мӯсоқалъа идома дорад.” Эътилофи таҳти раҳбарии НАТО гуфт, ҳавопаймоҳои Амрико рӯзи 27 август 7 маротиба Мӯсоқалъаро бомбборон кардаанд. Қабл аз Мӯсоқалъа, ҷангиёни толиб вулусволии ҳамсояи Навзодро ҳам ғасб карданд. Бо ғасби вулусволии сеюм дар шимол, Толибон ҳоло дар Ҳилманд пойгоҳ ёфта, тавлиди афюн ва роҳҳои асосӣ ба сӯи Эрону Покистонро, ки барои қочоқи ҳероин ба Аврупо истифода мешаванд, назорат мекунад.

XS
SM
MD
LG