Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳакерҳо аз Эрон почтаҳоро мешикананд


Умед Меъмориён

Умед Меъмориён

Пажӯҳиши “Citizen Lab” мегӯяд, фаъолон ва муҳоҷирони эронӣ ҳадафи як “маъракаи мураккаби фишор” қарор гирифтаанд, ки ба ҳакерҳо имкон медиҳад, почтаҳои онҳоро дар Google назорат кунанд. Бовар меравад, дар пушти ин маърака, ки пажӯҳишгарон аз ин гурӯҳи марбут ба Донишгоҳи Торонтои Канада онро ба айни маъракаи баъди интихоботи президентии соли 2013 шабоҳат медиҳанд, ҳакерҳои таҳти пуштибонии давлати Эрон истодаанд. Бино ба ин пажӯҳиш, ки рӯзи 27 август нашр шуд, ҳакерҳо бо истифода аз паёмҳои хаттӣ ва телефон талош мееунанд, садҳои амниятии Gmail – хадамоти почтаи электронии Google-ро бишикананд ва вориди почтаҳои эрониён шаванд. Умед Меъмориён, хабарнигори эронии муқими Ню-Йорк гуфт, ҳакерҳо моҳи июн бо ӯ аз тариқи Google Chat дар тамос шуда, гуфтаанд, ки пасворди почтаашро иваз кунад. Меъмориён гуфтааст, “ҷои шубҳа нест, ки дар пушти ин Сипоҳи посдорони инқилоб, ки шадидан мухолифи озодии матбуот ва озодии баён мебошад, истодааст.”

XS
SM
MD
LG