Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тошканд ба эътилофи зидди "Давлати исломӣ" даъват шуд


Даниэл Розенблюм

Даниэл Розенблюм

Амрико аз Узбакистон хост, ба эътилофи байналмилалӣ алайҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бипайвандад. Даниэл Розенблюм, муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ рӯзи 27 август дар ҷараёни сафараш ба Тошканд ба хабарнигорон гуфт, ӯ аз Узбакистон хостааст ба гунае, ки зарур мешуморад, ба ин эътилоф ҳамроҳ шавад. Розенблюм гуфт, мубориза бо “Давлати исломӣ” танҳо аз амалҳои низомӣ иборат нест, балки мақомоти амниятӣ рӯи пешгирӣ аз таъмини молии ҷангиён низ кор мекунанд. Узбакистон, ки аксари аҳолии 31-миллионнафариашро мусалмонон ташкил медиҳанд, шарики стратегии паймони низомии НАТО дар ҷанг алайҳи Толибон дар Афғонистони ҳамсоя ба шумор меравад. Розенблюм ба зарурати “равобити зичтар ва табодули бештари маълумот байни ниҳодҳои амниятӣ” таъкид кард. Ӯ ҳамчунин аз пешрафти Узбакистон дар амри аз байни бурдани кори кӯдакон дар пахтазор, як мояи интиқодҳои асосӣ аз ин кишвар, тавсиф кард. Ӯ гуфт, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз кори иҷбории калонсолон дар пахтахор бояд иқдоми бештар анҷом шавад. Пахта дар баробари тавлиди тило як бахши муҳими иқтисоди Узбакистон мебошад.

XS
SM
MD
LG