Пайвандҳои дастрасӣ

Шукурҷон Зуҳуров ба Амрико меравад


Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар раъси Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, шоми 28 август озими Амрико мешавад. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳайат дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумон, ки дар шаҳри Ню-Йорк мегузарад, иштирок хоҳад кард. Ба қавли Султонов, дар ин сафар Шукурҷон Зуҳуровро вакилон Олим Салимзода, Адураҳим Холиқзода ва Дилшод Исматуллоев ҳамроҳӣ мекунанд. Қарор аст, Конфронси раҳбарони парлумонҳо дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор шавад ва дар он мавзӯъҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, демократия ва рушд мавриди баррасӣ баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG