Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марат Орифов: "Зиндагиям дар орзуи нақши Хайём гузашт"


Марат Орифов, ҳунарманди маъруфи синамои тоҷик, 80-сола шуд. Аммо мегӯяд, то ҳол орзуи бозӣ кардани нақши Хайёмро дорад..

Марат Орифов, ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки мардуми Тоҷикистон симои Рӯдакиву Синоро дар чеҳраи ӯ мешиносанд, дар синни 80-солагӣ ҳанӯз орзуи офаридани нақши Хайёмро дорад. Аммо адами шароиту имконоти хуби молӣ аз як сӯ ва солмандӣ аз сӯи дигар, боис шуда, ки ҳунарманди саршинос ба амалишавии орзуяш бовар надорад.

Марат Орифов мегӯяд, барои офаридани филме дар бораи Хайём дар сатҳи филми “Қисмати шоир” сармоягузорӣ ва шароити хуб лозим аст. “Хеле мехостам ҷавон бошаму нақши Хайёмро бозӣ кунам ва ё ҳамчун коргардон филме дар бораи Хайём офарам, аммо ҳоло медонам, ки ин кор дигар мушкил аст”

Аммо дӯстдоштатарин нақши офаридааш Рӯдакӣ будааст, ҳарчанд Марат Орифов мегӯяд, ба ӯ иҷрои ин нақш дар синни ҷавонӣ хеле мушкил буд ва ин пешниҳодро аз сӯи коргардони маъруф Борис Кимёгаров бо дили нохоҳам қабул карда буд.

Авҷи шӯҳрати устоди варзидаи синамои тоҷик, коргардон ва ҳунарманди маъруф ба нақшофарияш дар филми “Қисмати шоир” рост меояд. Аммо филми “Муаллим”-и коргардон Носир Саидов баъди беш аз ду даҳсола исми Орифовро дубора вирди забонҳо кард.

Аксе за филми "Муаллим"
Аксе за филми "Муаллим"

Пешниҳоди нақшофарӣ дар филми “Муаллим”-ро ӯ баъди танаффуси тулонӣ, аниқтараш пас аз 27 соли дурӣ аз синамо, гирифт, замоне, ки 75 сол дошт. Аз ин рӯ, бозгашт барояш осон набуд ва ҳатто дар аввал аз иҷрои нақши асосӣ дар ин филм ҳарос ҳам доштааст. Марат Орифов мегӯяд, “ба муддати тӯлонӣ дур будан аз кору саҳна ба кори ҳунарманд таъсир марасонад. Ман ҳам аввал ростӣ, метарсидам, вале хотираамро ҷамъ кардаму тавонистам... Коргардони ин филм Носирҷон Саидов бисёр коргардони ҳирфаӣ аст, ман аз кори ӯ ҳаловат бурдам ва аз гапаш ҳам берун наомадам.”

Дар ҷашнвораи байналмилалии филми "Фаҷр", ки дар се бахш баргузор шуд, Марат Орифов дар бахши "Ҷилвагоҳи Шарқ", ки вижаи синамои кишварҳои шарқӣ ва исломӣ буд, чун беҳтарин бозигар соҳиби ҷоизаи "Симурғи булурин" шуд.

Ба гуфтаи дӯстон ва синамогарони тоҷик, Марат Орифовро шароит ва фазои синамои тоҷик солҳои тӯлонӣ аз саҳна дур кард, Дар ин солҳо ба мушкилиҳои зиёде мувоҷеҳ шуд, ҳатто барои пешбурди зиндагӣ ва таъмини хонаводааш маҷбур шуд, ки қисме аз манзилашро иҷора ҳам диҳад.

Саъдулло Раҳимов
Саъдулло Раҳимов

Аммо ин ҳама мушкилоту дурӣ аз синамо, камоли ҳунари Орифовро кам накард, балки, баръакс ба гуфтаи синамогарони тоҷик, баъд аз солҳо ӯ яке аз нақшҳои беҳтаринро офарид. Комёб шудани “Муаллим” дар ҷашнвораҳои байнулмилалиро ҳам мунаққидони синамо маҳз дар иҷрои нақши ҳирфаӣ аз сӯи Марат Орифов медонанд. Саъдулло Раҳимов, мунаққиди синамои тоҷик мегӯяд, дар нақшофарии Марат Орипов қаблан “чизҳои зоҳирӣ бештар пеши назар меомад, масалан, устод бештар нуқтаву ҳарф ва фармоиши коргардонро иҷро мекард. Аммо дар нақши асосӣ дар филми “Муаллим” ӯ олами ботинии худро ифшо ва таҷрибаи рӯзгорашро ҷой кард”

Марат Орифов дар хонаводаи ҳунарпешаи маъруф Тӯҳфа Фозилова бузург шуда, аз ин остона ба одами синамо қадам гузоштааст ва ҳунари ӯ аз чашмаи маҳорати фитрӣ об хӯрдааст. Сафари Ҳақдод, коргардони маъруфи тоҷик Марат Орифовро аз "ҳунарманди нозпарварди синамо" мехонад, ки чун як тӯфону барқ вориди синамо шуданду якбора ҳамаро мафтун карданд. Ҳоло мардуми мо агар хоҳанд сурати Сино ва Рӯдакиро тассавур кунанд, пеши рӯяшон қавораву сурати устод меоянд ва рассомон ҳам зимни тасвири ин бузургон ба сурати Марат Орифов такя мекунанд, мегӯяд ӯ.

Сафари Ҳақдод
Сафари Ҳақдод

Сафари Ҳақдод меафзояд, ки Марат Орифов ба ҳайси коргардон ҳам муваффақ буд ва филми “Нисо”, нахустин филми ӯ ба ҳайси коргарон, ки дар Бадахшон навор гирифта шудааст, он солҳо дар синамои шӯравӣ ғулғула афканда буд.

Ҳамкорону дӯстонаш ба он ҳам ишора мекунанд, ки Марат Орифов тули 80 сол зиндагии пуршӯре дошт. Ӯ аз чанд ҳамсар 5 фарзанд дорад. Марианна Орифова, духтари Марат Орифов аз ҳамсари аввалааш Эмма Кржановскаяро маҳбубияту ҳунари падар ба дунёи синамо ҷалб кардааст. Марианна, ки филмнома менависад, мегӯяд “ман бо падарам ифтихор мекунам, фарзандони мо бо бобои худ ифтихор мекунанд ва мехоҳам фарзандонам ҳам аз пайи бобояшон бираванд”...

Марат Орипов: "Орзу доштам, нақши Умари Хайёмро офарам."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Марат Орифов, 27 уми августи соли 1935 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ 80-умин зодрӯзашро дар ҳалқаи дӯстон ва аҳли фарҳанги кишвар таҷлил кард ва дар ин рӯз ҳама бори дигар аз филмҳову нақшҳои маъруфи ин ҳунарпеша, ки теъдодашон ба беш аз 40 адад мерасад, ёд карданд. Ва орзу карданд, ки рӯзе тавонад ба орзуяш бирасаду дар нақши Хайём рӯи пардаи синамо падид ояд...

XS
SM
MD
LG