Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти Абу Умрон пас аз 20 соли фирор


Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, дастандаркори ҳамлаи 20 соли пеш ба қароргоҳи низомии Амрико дар он кишварро дастгир кардаанд. Аҳмад ал-Муғассил, раҳбари гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Саудӣ, ки Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико барои сари ӯ 5 миллион доллар подош таъйин кардааст, ба ҳамла ба хобгоҳи сарбозони амрикоӣ дар Манораи Хобар муттаҳам шудааст. Дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришудаи боркаш дар соли 1996 19 сарбози амрикоӣ кушта шуданд ва тақрибан 500 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти амрикоӣ ва саудӣ гуфтанд, ки Аҳмад Муғассил бо лақаби Абу Умрон ду ҳафта пеш баъди сафараш аз Эрон дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон боздошт шудааст ва ӯро аз инҷо ба шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ интиқол додаанд. Ба эътиқоди Хадамоти махсуси Арабистон, чаҳор муттаҳами дигар дар бомбгузорӣ дар Эрон зиндагӣ мекунанд. Саудӣ ва Амрико, Эронро ба тарҳрезии бомбгузории харобиовар муттаҳам мекунанд, вале Теҳрон ин иддаоро рад кардааст. Соли 2006 додгоҳи Амрико ба Эрон амр дод, ки ба хонаводаҳои сарбозони кушташудаи амрикоӣ 254 миллион доллар ҷуброн пардозад. Ин хонаводаҳо ҳукумати Амрико, вазорати амният ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ба додгоҳ кашида буданд. Ба гуфтаи додгоҳ, ба мошини боркаш маводи таркандаро дар пойгоҳи Водии Бекои Лубнон, насб кардаанд, ки ба Ҳизбуллоҳ ва Сипоҳи посдорон тааллуқ дорад ва худи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон ба ин бобмгузорӣ иҷоза додааст.

XS
SM
MD
LG