Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии бӯҳрони муҳоҷират дар Вена


Марзи байни Маҷористон ва Сербистон, як роҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Иттиҳодияи Аврупо
Марзи байни Маҷористон ва Сербистон, як роҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Иттиҳодияи Аврупо

Қарор аст, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои ҳошияи Балкан дар мулоқоте дар шаҳри Вена бӯҳрони муҳоҷират дар минтақаро баррасӣ кунанд. Раҳбарони Албания, Босния ва Ҳерзеговина, Косово, Македония, Черногория, Сербистон ва вазирони кишварҳои хоҳони узвият дар Иттиҳодияи Аврупо дар ин мулоқот ширкат доранд. Ангела Меркел садри аъзами Олмон ва Федерика Могерини, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи 27-уми август ба онҳо мепайванданд. Ҳазорон муҳоҷиру паноҳандагон аз кишварҳои ноороми Ховари Миёна аз тариқи қаламрави Македония, Сербистон ва Маҷористон ба Австрияву Олмон ва дигар кишварҳои ғарби Аврупо мераванд. Рӯзе пештар аз ин мулоқот Ангела Меркел, садри аъзами олмон гуфт, хушунати “шармовар” ба зидди муҳоҷиронро дар кишвараш таҳаммул намекунад. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои Аврупо хост, “раҳму шафқати худро нишон бидиҳанд ва барои поён додан ба бӯҳрони муҳоҷират кори бештар кунанд.”

XS
SM
MD
LG