Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қимати билети ҳавопаймоҳо дар Хуҷанд


Баъд аз муваққатан баста шудани туннели Анзоб барои таъмир арзиши ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд - Душанбе барои мусофирон ду баробар баланд шудааст. Сокинони одӣ мегӯянд, имкони харидани билет ба ин қиматро надоранд, аммо гоҳо зарурат маҷбур мекунад ба ҳар қимате, ки бошад, бо ҳавопаймо сафар кунанд. Парвозҳоро ҳар рӯз як маротиба аз Душанбе ба Хуҷанд ва баръакс ширкатҳои "Тоҷикэйр" ва "Сомонэйр" анҷом медиҳанд ва нархи парвоз аз Хуҷанд ба Душанбе тавассути ин ширкатҳо ҳудуди 330 ва 420 сомонӣ аст. Вале ин нархи ибтидоӣ бо афзудани шумораи харидорон ва наздик шудани замони парвоз боло меравад. Рӯзи 26 - уми август хоҳишмандони парвоз билети хатсайри Хуҷанд - Душанбе тавассути ҳавопаймои "Сомонэйр" - ро ба 1 ҳазору 35 ва 670 сомонӣ дастрас мекарданд. Аз як билетфурӯшии Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чун шумораи харидорон зиёд шуд, ширкати мазкур ҳавопаймои ин хатсайрро аз хурд ба калон табдил дод ва нархи билетро аз 1 ҳазору 35 сомонӣ то 670 сомонӣ поин бурд. Ҳамин тавр, ба гуфтаи билетфурӯшиҳо, арзиши билети парвоз аз Хуҷанд то Душанбе ва баракс аз ҷониби ширкати "Тоҷикэйр" низ дар замони наздики парвоз аз 330 то беш аз 500 сомонӣ боло бурда мешавад. Ҳарсола аз баҳор то фасли тирамоҳ хатсайри Хуҷанд - Душанбе ва баръакс ба дараҷаи имсола серодам намешуд, чун аксари кулли сокинон бо роҳи арзони нақлиётии Душанбе - Хуҷанд, ки масири ягона иртиботӣ байни пойтахт ва шимоли Тоҷикистон аст, сафар мекарданд. Рафтуо тавассути ин роҳ аз пойтахт то Хуҷанд ва баръакс 250 - 300 сомонӣ аст. Вале аз миёнаҳои моҳи июн туннели Анзоб барои таъмиру тармим баста аст ва ба ин сабаб вақти сафар аз ҳудуди 5 соати қаблӣ то 7 - 8 соат шудааст ва мошинҳои сабукрав роҳи хароби гарданаи Анзобро паси сар мекунанд.

XS
SM
MD
LG