Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Давлати исломӣ” дар “Марвориди саҳро” ганҷ меҷӯяд?


Гурӯҳи «Давлати исломӣ» аксҳои тахриби яке аз қадимитарин ёдгориҳои Сурия – маъбади Баъалшомин дар шаҳри Палмираро нашр кард.

Дар ин аксҳо, ки рӯзи 26 август нашр шуданд, лаҳзаи ҷойгузории маводи тарканда дар маъбад ва таркиш инъикос шудааст. Аммо рӯзи тахриби ин осори гаронбаҳои фарҳангиву меъморӣ то ҳол маълум нест - раҳбари Раёсати ёдгориҳои бостонии Сурия Маъмун Абдулкарим гуфт, ки ҷангиён рӯзи 23 август бо истифода аз миқдори зиёди маводи тарканда маъбади Баъалшоминро тарконданд. Гурӯҳи дидбони ҳуқуқи башари Сурия, марказаш дар Бритониё, бошад, эълом дошт, ки ситезаҷӯён Баъалшоминро ҳанӯз як моҳ пеш тарконида буданд.

Бино ба хабарҳо, бар асари таркиш бархе аз сутунҳои бостонии Палмира низ осеб дидаанд.

Акси тарконидани маъбад
Акси тарконидани маъбад

Тахриби осори бостониро Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, шадидан маҳкум кард. Бино ба як баёнияи СММ, Дабири кулл аз қатли сармуҳофиз ва яке аз пажуҳишгарони маҷмааи меъмории бостонии Палмира Холид Асад ҳам сахт ошуфта шудааст. Бостоншиноси 81-сола, ки беш аз ним аср ба омӯзишу пажуҳиш дар Палмира машғул буд, баъди беш аз як моҳи асорат рӯзи 18 август эъдом шуд.

Ирина Бокова, раиси ЮНЕСКО, Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ, рӯзи душанбе тахриби маъбади Баъалшоминро “боз як ҷинояти низомӣ ва талафоти ҷуброннопазир барои мардуми Сурия ва башарият” ва “талоши аз мардуми Сурия рабудани донишу ҳуввияту таърихашон” номид.

Харобаҳои Палмира ба қарнҳои як ва ду, ба замони қудрати императории Рум рост меоянд. Дар ин мавзеъ ёдгориҳои замони Бобил, замони Ошур, замони томасеҳӣ низ фаровон мавҷуданд. Илиё Ҷазоирӣ, хабарнигори муқими шаҳри Бейрути Лубнон, мегӯяд, ки то ҷанг дар Сурия ҳамасола то 150 ҳазор сайёҳон барои дидани ин шаҳри бостонӣ меомаданд, ки барои ёдгориҳои нодири таърихияш «Нигини Шарқ» ё “Марвориди саҳро” унвон шудааст.

Холид Асад аз ифшои ҷойи ганҷи Палмира ба ситезаҷӯён сарпечӣ кард
Холид Асад аз ифшои ҷойи ганҷи Палмира ба ситезаҷӯён сарпечӣ кард

Ба гуфтаи Ҷазоирӣ, баъди ишғоли Палмира дар моҳи май ҳадс зада мешуд, ки ситезаҷӯён ҳама ёдгориҳои бостониро ба хок яксон мекунанд, аммо баъдан возеҳ шуд, ки ҳадафи аслии онҳо ба даст овардани ганҷи бебаҳо – зару зевар ва ҷавоҳироти маҳфуз дар Палмира аст. Баъзе аз манбаъҳои маҳаллии Палмира аз мавҷудияти нақшае сӯҳбат мекунанд, ки дар он ҷойи ганҷи гаронбаҳое нишон дода шудааст. Далели асосии эъдоми бостоншиноси маъруфи суриягӣ Холид Асад ҳам он буд, ки ӯ аз нишон додани ҷойи маҳфуз нигаҳ дошта шудани ин ганҷ сарпечӣ кардааст, мегӯяд Илиёи Ҷазоирӣ бо такя ба манбаъҳо дар Палмира.

Моҳҳои ахир далелҳои зиёде ҳам ошкор шуданд, ки ситезаҷӯён на ҳама ёдгориҳоро тахриб месозанд ва баъзе аз онҳоро қочоқӣ фурӯхта ҷайби худро пур мекунанд. Баъзе аз расонаҳои Ховари Миёна навиштанд, бисёр аз муҷассамаҳо дар шаҳри боситонии Намрӯд, ки қобили ҳамлу нақл буданд, аз сӯи ситезаҷӯёни ДИИШ ба ҷойҳои дигар интиқол ёфтанд ё бо қимати гарон фурӯхта шуданд.

Маъбади Баъалшомин, бар пояи маъхазҳои таърихӣ, дар соли 17-уми мелодӣ бунёд шуда буд, яъне, агар ситезаҷӯён онро вайрон намекарданд, шояд баъд аз ду сол ду ҳазор солагияш таҷлил мешуд.

XS
SM
MD
LG