Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аризаи Гулмуродзода охири ҳафта баррасӣ мешавад


Аминҷон Гулмуродзода
Аминҷон Гулмуродзода

Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи кассатсионии Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистонро, ки додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба ду соли зиндон маҳкум кардааст охири ҳамин ҳафта баррасӣ хоҳад кард

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон рӯзи 26 август хабар дод ва афзуд, ки дар ариза далелҳои беасос будани иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо, ки гуё аз ҷониби Аминҷон сурат гирифта бошад пешниҳод шудааст.

Хуршеди Атовулло гуфт, Маркази таҳқиқоти журналистӣ ду навори видеоӣ нашр кард, ки дар он нишон дода мешавад, Аминҷон шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳуввияташро дар чорчӯби қонун гирифтааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 18 август Аминҷон Гулмуродзодаро бар асоси моддаи 340, қисми 2, банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар" гунаҳкор ва барои ду сол равони зиндони низомаш умумӣ кард.

Аминҷон Гулмуродзода фарзанди Пайванди Гулмурод, номзади илми филологӣ ва бунёдгузории Рӯзи матбуоти тоҷик аст, ки ҳар сол 11 март таҷлил мегардад. Пайванди Гулмуродзода моҳи апрели соли 2013 дар синни 56-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб вафот кард.

XS
SM
MD
LG