Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи Хадиҷа мавқуф гузошта шуд


Хабарнигорон интизори эълони ҳукми Хадиҷа Исмоилова буданд

Хабарнигорон интизори эълони ҳукми Хадиҷа Исмоилова буданд

Мурофиаи хабарнигори озарӣ Хадиҷа Исмоилова дар додгоҳи шаҳри Боку то рӯзи 31 август мавқуф гузошта шуд. Додрас дар ин бора дар мурофиаи рӯзи 26 август баъд аз он тасмим гирифт, ки Фариз Намозлӣ, вакили дифои Исмоилова, хостори идомаи тафтиши парванда шуд, зеро додситонҳо баъзе асноди собиткунандаи бегуноҳии хабарнигорро нодида гирифтаанд.

Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ хостори ба нӯҳ соли маҳбас маҳкум кардани Хадиҷа Исмоилова шуд. Қарор буд, ки рӯзи 26 август ҳукми хабарнигор эълон шавад.

Хадиҷа Исмоилова, гузоришгари бахши озарии Радиои Озодиро 5 декабри соли 2014 бо ин иддао, ки гӯё Турал Мустафоев, ҳамкори собиқашро ба худкушӣ ташвиқ кардааст, боздошт намуданд, вале баъдан ӯ ба тақаллуби молӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва суистифода аз вазифа муттаҳам шуд. Турал Мустафоев дар додгоҳ гуфт, ки Хадиҷа рабте ба қасди худкушии ӯ надорад ва афсурдагӣ ӯро ба он ҳол оварда буд.

Хадиҷа Исмоилова мегӯянд, ки иттиҳом ангезаи сиёсӣ дорад.

Мурофиаи додгоҳӣ, ки рӯзи 24 июл шурӯъ шуд, пушти дарҳои баста мегузарад ва барои ширкат дар он фақат кормандони баъзе сафоратхонаҳо иҷоза гирифтанд - хабарнигорону нозирони мустақил ба толор роҳ наёфтанд.

Созмони Amnesty International Хадиҷа Исмоиловаро “маҳбуси сиёсӣ” номидааст. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва дигар созмонҳои хабарнигорӣ мегӯянд, ки Хадиҷа Исмоилова барои пажуҳишҳои журналистӣ ва фошсозии баъзе аъмоли ғайриқонунии хонаводаи раисиҷумҳури Озарбойҷон ба додгоҳ кашида шудааст.

XS
SM
MD
LG