Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Могеринӣ: Сентсов бояд фавран озод шавад


Федерика Могеринӣ
Федерика Могеринӣ

Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ҳукми додгоҳи Русия дар баробари таҳиягари украин Олеҳ Сентсов ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ Александр Колченкоро «нақзи қавонини байнулмилалӣ ва оддитарин меъёрҳои адолати додгоҳӣ» номид.

Дар изҳороти Могеринӣ, ки рӯзи 26 август дар сомонаи идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо нашр шуд, омадааст, додгоҳи Русия барои эълони ҳукм аз рӯи аъмоле, ки берун аз қаламрави расман эътирофшудаи Русия содир шудаанд, ваколат надорад. Ӯ таъкид кардааст, ки Русия моҳи марти соли 2014 нимҷазираи Қримро ғайриқонунӣ ғасб намуд.

Иттиҳодияи Аврупо аз Маскав мехоҳад, ки Сентсов ва Колченкоро фавран озод ва бозгашти бехатари онҳо ба Украинаро таъмин кунад, омдааст дар изҳороти хонум Могеринӣ.

Додгоҳи низомии минтақаи Қафқоз дар шаҳри Ростови соҳили Дони Русия рӯзи сешанбе таҳиягари украинӣ Олеҳ Сентсовро ба 20 соли маҳбаси низомаш шадид маҳкум кард. Олександр Колченко даҳ солро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард. Таҳиягари шинохта ва ва се нафари дигар - Олександр Колченко, Олексий Черний ва Геннадий Афанасев 10 майи соли 2014 аз сӯи кормандони амниятии Русия бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи террористӣ дар нимҷазираи Қрим, оташ задани бинои созмони «Ҷамоати русҳои Қрим», дафтари ҳизби «Русияи воҳид» ва тарҳрезии тарконидани муҷассамаи Ленин дастгир шуда буданд. Черний ва Афанасев бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористӣ ба 7 солии маҳбас маҳкум шудаанд.

Олег Сентсов иттиҳомро қатъӣ рад карда онро “тақаллубӣ» ва дорои ангезаи сиёсӣ номид. Сентсов эълом дошт, ки ӯро барои ширкат дар эътирозҳо дар Майдони Киев ва талошҳои дар ихтиёри Украина боқӣ мондани Қрим муҷозот карданианд.

ИМА низ ҳукми додгоҳи Русия дар баробари таҳиягари украин Олеҳ Сентсов ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ Александр Колченкоро шадидан маҳкум кард. Дар изҳороти вазорати умури хориҷаи кишвар ҳукми додгоҳ «иштибоҳ» номида шудааст. Сентсов ва Колченко дар Қрим, қаламрави аз сӯи Маскав ишғолшудаи Украина гаравгон гирифта шуда, ба маҳбаси Русия интиқол ёфтаанд. Ҳардуро бидуни хоҳишашон ба шаҳрвандии Русия пазируфтанд, гуфта шудааст дар изҳорот.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, билофосила баъд аз ҳукми додгоҳи Русия онро маҳкум кард ва хостори фавран раҳо кардани Олег Сентсов шуд.

XS
SM
MD
LG