Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Ҳар рӯз 3 ҳазор муҳоҷир ба Аврупо меояд


Теъдоди муҳоҷироне, ки аз тариқи кишварҳои Балкан вориди Иттиҳодияи Аврупо мешаванд, то ба 3 ҳазор нафар дар як рӯз хоҳад расид. Комиссариати Олии СММ дар умури паноҳандагон пешгӯӣ кардааст, ки ҳамарӯза тақрибан 3 ҳазор фирориён аз манотиқи ҷангзадаи Ховари Миёна тавассути Юнон вориди Македония хоҳанд шуд.

Мелисса Флеминг, сухангӯи комиссариат, рӯзи 26 август гуфт, ки моҳҳои оянда мавҷи одамон поён нахоҳад ёфт. Ӯ ба ҳайси намуна ба идомаи хушунат дар Сурияву Ироқ ва бадтар шудани вазъи фирориён дар урдугоҳҳои Туркия, Урдун ва Лубнон ишора кард.

Хонум Флеминг афзуд, ки Олмон ва Шветсия ба 43 дар сади паноҳҷӯён дар Иттиҳодияи Аврупо сарпаноҳ доданд ва пешниҳод кард, ки он бори сангин миёни ҳама кишварҳо баробар тақсим карда шавад.

XS
SM
MD
LG