Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷануби Афғонистон ду сарбози НАТО аз сӯи афроди либоси нерӯҳои амниятии афғон дар тан кушта шуданд. Дар изҳороти Паймони НАТО гуфта шудааст, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи 26 август дар вилояти Ҳилманд рӯй дод. Ҳамлагарон сӯи мошин бо сарбозони пойгоҳи низомӣ оташ кушоданд. Дар оташи ҷавобӣ ҳарду ҳамлагар кушта шуданд. Ҳуввияти сарбозони ҷонбохтаи НАТО ошкор нашудааст.

Ҳамлаи сарбозон ё кормандони полиси афғон ба нерӯҳои хориҷӣ солҳо боз аз мушкили умда дар Афғонистон боқӣ мемонад. Ҳодисаи Ҳилманд нахустин чунин ҳамла шурӯъ аз моҳи апрели соли равон аст. Мансабдорони ғарбӣ мегӯянд, ки бештари ин ҳамлаҳо - на тавтеъаи толибон, балки паёмади норозигии шахсӣ ва фарқияти мазҳабиву фарҳангист.

Бештари нерӯҳои Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони НАТО Афғонистонро тарк намуданд. Айни ҳол дар ин кишвар теъдоди ками сарбозони хориҷӣ, аз ҷумла, тақрибан 10 ҳазор низомии амрикоӣ боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG