Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ҳукми Сентсовро шадидан маҳкум кард


ИМА ҳукми додгоҳи Русия дар баробари таҳиягари украин Олеҳ Сентсов ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ Александр Колченкоро шадидан маҳкум кард. Дар изҳороти вазорати умури хориҷаи Амрико, ки рӯзи 25 август нашр шуд, ҳукми додгоҳи шаҳри Ростови соҳили Дон «иштибоҳ» номида шудааст.

Додгоҳи низомии минтақаи Қафқоз дар шаҳри Ростови соҳили Дони Русия рӯзи сешанбе таҳиягари украинӣ Олеҳ Сентсовро ба 20 соли маҳбаси низомаш шадид маҳкум кард. Олександр Колченко даҳ солро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард. Таҳиягари шинохта ва ва се нафари дигар - Олександр Колченко, Олексий Черний ва Геннадий Афанасев 10 майи соли 2014 аз сӯи кормандони амниятии Русия бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи террористӣ дар нимҷазираи Қрим, оташ задани бинои созмони «Ҷамоати русҳои Қрим», дафтари ҳизби «Русияи воҳид» ва тарҳрезии тарконидани муҷассамаи Ленин дастгир шуда буданд. Черний ва Афанасев бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористӣ ба 7 солии маҳбас маҳкум шудаанд.

Дар изҳороти вазорати умури хориҷии ИМА омадааст, ки Сентсов ва Колченко дар Қрим, қаламрави аз сӯи Маскав ишғолшудаи Украина гаравгон гирифта шуда, ба маҳбаси Русия интиқол ёфтаанд. Ҳардуро бидуни хоҳишашон ба шаҳрвандии Русия пазируфтанд, гуфта шудааст дар изҳорот. Тӯли беш аз як соли боздошт Сентсов ва Колченко бо вакилони дифоъ ва аҳли хонаводаҳояшон дидори маҳдуд доштанд.

Олег Сентсов иттиҳомро қатъӣ рад карда онро “тақаллубӣ» ва дорои ангезаи сиёсӣ номид. Сентсов эълом дошт, ки ӯро барои ширкат дар эътирозҳо дар Майдони Киев ва талошҳои дар ихтиёри Украина боқӣ мондани Қрим муҷозот карданианд.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина ҳукми додгоҳи Русияро маҳкум кард ва хостори фавран раҳо кардани Олег Сентсов шуд.

XS
SM
MD
LG