Пайвандҳои дастрасӣ

Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаё ё МАГАТЭ аз кишварҳои узви созмон хостори ҷудо кардани беш аз 9 миллион еврои иловагӣ барои татбиқи созиш оид ба барномаи ҳастаии Эрон шуд.

Юкия Амано, раиси МАГАТЭ, рӯзи 25-уми август, дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Вена изҳор намуд, ки маблағи Бунёди махсуси ғайрибуҷавии таъсисшуда барои назорати пажуҳишҳои ҳастаии Эрон ва тафтиши муассисаҳои ҳастаии ин кишвар мерасид, аммо маблағҳои ин бунёд моҳи оянда тамом мешавад.

Амано мехоҳад, ки масъалаи афзоиши ҳаққулузвияти кишварҳои узви МАГАТЭ шурӯъ аз аз соли 2017-ро ба миён гузорад. Айни ҳол буҷаи ин бунгоҳ 350 миллион евро аст.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG