Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубин Эргашев: Барои бозӣ бо "Паҳанг" комилан тайёрем


Мубин Эргашев
Мубин Эргашев

​Имрӯз, 25 август, дар шаҳри Душанбе пеш аз бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо “Паҳанг”-и Малайзия нишасти хабарӣ доир шуд.

Рӯзи сешанбеи 25 август дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” пеш аз бозии аввали 1/4 финалии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) байни «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Паҳанг»-и Малайзия нишасти хабарӣ барпо гардид.

Дар ин нишаст нахуст Зайналобиддин Ҳасан, сармураббии «Паҳанг», ба хабарнигорон иброз дошт, ки дастааш барои пирӯзӣ аз рӯи натоиҷи ду бозӣ мубориза мебарад. Вай умедвор аст, ки «Паҳанг» дар таърихаш саҳифаи тоза мекушояд ва барои аввалин бор ба нимфинали Ҷоми AFC роҳ меёбад. Ӯ афзуд, «мо нисбати “Истиқлол” эҳтиром дорем ва боадабона бозӣ мекунем. Агар мо фардо бозиро мусовӣ анҷом бидиҳем, ин барои мо натиҷаи олӣ хоҳад шуд”.

Моҳд Разман Рослан, капитани «Паҳанг», ба хабарнигорон иброз дошт, ки ба Душанбе ба умеди натиҷаи хуб омадааст.

Баъдан Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», ба хабарнигорон гуфт, ки дастааш ба ин бозӣ комилан омодааст ва баҳри натиҷаи дилхоҳ талош хоҳад кард. Ӯ афзуд: “Фикр мекунам, ки мухлисон пазмони бозии байналмилалӣ шудаанд, зеро ки бозии охирини мо дар Ҷоми АФК се моҳ пеш доир шуда буд. Ба он нигоҳ накарда, ки “Паҳанг” бозиҳои охирашро дар чемпионати Малайзия бебарор анҷом дод, даста дар бозии байналмилалӣ сарҷамъ мешавад. Ба фикрам, бозӣ фардо хуб, вале душвор мегузарад. Якчанд бозии “Паҳанг”-ро тамошо кардем, ба ман ҳар чор легионери даста писанд омаданд. Аз он ҷумла Контии аргентинӣ, ки беҳтарин нишонзани бошгоҳ аст. Бозигарони маҳаллӣ низ хуб ҳунарнамоӣ мекунанд”.

Никола Стошич, дарвозабони “Истиқлол”, меҳмононро ба Душанбе хайра мақдам гуфт ва иброз намуд, ки “ба бозӣ хуб омодагӣ дидем, вазифаамон дар бозии аввал ғолиб омадан аст, то ки дар бозии ҷавобӣ ба мо осонтар шавад”.

Ёдовар мешавем, бозии аввали 1/4 финалии Ҷоми AFC байни «Истиқлол» ва «Паҳанг» рӯзи чоршанбе, 26 август, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шурӯъ мешавад.

Доварони ин бозӣ аз Урдун мебошанд. Аҳмад Муҳаммад Тумаҳ Маҳадмеҳи 29-сола, ки аз соли 2013 довари ФИФА аст, сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Аҳмад Моаннес Надӣ Арроалле ва Файсал Муҳаммад Аввад Шуайр ёварони сардовар, Аҳмад Ёқуб Иброҳим довари эҳтиётӣ мебошанд. Ҳусайн Гҳадҳанферӣ аз Кувайт нозири доварон ва Сивакумар аз Сингапур комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Нархи билети оддӣ 10 сомонӣ барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ муқаррар шудааст. Нархи билети VIP 400 сомонист. Бо билети даромад мухлисон дар бозии лотерея иштирок мекунанд. Бурдҳои лотерея – ду телефони “iPhone 6”, ду планшети “iPad» ва ду ноутбук -мебошанд.

Ҷоми AFC-2015

Чаҳорякфинал. Бозиҳои аввал

25 август (сешанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия)

«Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Саут Чайна» (Ҳонконг)

26 август (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Паҳанг» (Малайзия)

КВ «Кувайт» (Кувайт) – «Китчӣ» (Ҳонконг)

Чаҳорякфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

15 сентябр (сешанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия)

16 сентябр (чоршанбе)

«Паҳанг» (Малайзия) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Китчӣ» (Ҳонконг) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

Нимфинал. Бозиҳои аввал

29 сентябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Ал-Қодсия»/«Ал-Ҷайш» — Ғолиби ҷуфти «Ҷоҳор Дарул Такзим»/«Саут Чайна»

30 сентябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт»/«Китчӣ» — Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг»

Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 октябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти“Ҷоҳор Дарул Такзим»/«Саут Чайна» — Ғолиби ҷуфти «Ал-Қодсия»/«Ал-Ҷайш»

21 октябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг» — Ғолиби ҷуфтиКВ «Кувайт»/«Китчӣ»

Финал

31 октябр (шанбе)

XS
SM
MD
LG