Пайвандҳои дастрасӣ

Сентсов ба 20 соли маҳбас маҳкум шуд


Олеҳ Сентсов

Олеҳ Сентсов

Додгоҳи низомии минтақаи Қафқоз дар шаҳри Ростови соҳили Дони Русия рӯзи 25 август таҳиягари украинӣ Олеҳ Сентсовро ба 20 соли маҳбаси низомаш шадид маҳкум кард. Ҳафтаи гузашта додситон хостори 23 соли маҳбас барои таҳиягари шинохта шуда буд.

Мурофиаи додгоҳии Олеҳ Сентсов ва як тан аз ҳамроҳони ӯ Олександр Колченко рӯзи 21 июл шурӯъ шуда буд. Олександр Колченко чанде пеш ба даҳ соли маҳбас маҳкум шуд.

Таҳиягари шинохта ва ва се нафари дигар - Олександр Колченко, Олексий Черний ва Геннадий Афанасев 10 майи соли 2014 аз сӯи кормандони амниятии Русия бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи террористӣ дар нимҷазираи Қрим, оташ задани бинои созмони «Ҷамоати русҳои Қрим», дафтари ҳизби «Русияи воҳид» ва тарҳрезии тарконидани муҷассамаи Ленин дастгир шуда буданд. Черний ва Афанасев бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористӣ ба 7 солии маҳбас маҳкум шудаанд.

Олеҳ Сентсов дар ибтидои мурофиа дар шаҳри Ростови соҳили Дон гуфт, ки додгоҳро эътироф намекунад. Ӯ иттиҳомро қатъӣ рад кард ва гуфт, ки он тақаллубист ва ангезаи сиёсӣ дорад. Сентсов эълом дошт, ки ӯро барои ширкат дар эътирозҳо дар Майдони Киев ва талошҳои дар ихтиёри Украина боқӣ мондани Қрим муҷозот карданианд.

Аз Олеҳ Сентсов даҳҳо таҳиягарони маъруфи синамои олам, аз ҷумла, Никита Михалков, шахси наздик ба Владимир Путин ва ҳазорон фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандиву ҳомиёни ҳуқуқи башар аз кишварҳои гуногуни олам дифоъ мекунанд. Украина Сентсовро маҳбуси сиёсӣ эълон кард ва аз Русия хост, ки ӯро озод намояд.

XS
SM
MD
LG