Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури хориҷии Туркия гуфт, ки мансабдорони турк ва амрикоӣ «гуфтушуниди техникӣ» оид ба амалиёти муштарак алайҳи гурӯҳи «Давлати исломи»-ро анҷом доданд. Мавлуд Човушоғлу рӯзи 25 август дар ин бора хабар дод ва аммо аз ироаи тафсилот худдорӣ намуд. Қаблан ӯ гуфта буд, ки амалиёти густурда ва ҳамоҳангшуда алайҳи ситезаҷӯёи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) ба зудӣ шурӯъ мешавад.

Созиши Туркия Амрико имкон медиҳад, ки ҳадафҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия аз қаламрави Туркия мавриди ҳамла қарор бигиранд ва дар амалиёти Эътилофи таҳти фармони ИМА ҳавопаймоҳои наздиктарин ба марзи Сурия пойгоҳи ҳавоӣ истифода шаванд.

Анкара дар бораи амалиёт алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон баъд аз таркиши пурқурбонӣ дар маркази фарҳангии шаҳри Суруҷ, воқеъ дар 10 километрии шаҳри Кубонии Сурия, тасмим гирифт. Дар он ҳодиса, ки рӯзи 20 июл рӯй дод, 33 нафар аз узви Федератсияи ҷавонони сотсиалисти Туркия кушта шуданд. Тақрибан 300 нафар аз аъзои ин Федератсион пеш аз сафар ба Кубонӣ ва кӯмак барои барқарорсозии ин шаҳр дар ин маркази фарҳангӣ ҷамъ омада буданд. Ба думболи ин мақомоти Туркия амалиёти густурдаи боздошти ҷонибдорони ҲКК ва гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро шурӯъ карданд.

XS
SM
MD
LG