Пайвандҳои дастрасӣ

Худовезии Адиба, Навбаҳор ва Фарҳод дар як рӯз


Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Суғд мегӯяд, танҳо дар рӯзи 24 август се сокини ноҳияи Ашт ва Истаравшан, ки яке аз онҳо ноболиғ будааст, худро бо ресмон овехта куштаанд. Аз ҷумла, Адибаи 17-сола, аз ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки хонандаи синфи ёздаҳум будааст, даст ба худкушӣ задааст. Ҳоло Шӯъбаи корҳои дохилии Ашт ин ҳодисаро мавриди тафтиш қарор додааст. Дар ҳамон рӯз Навбаҳори 28-сола, сокини шаҳри Истаравашон ва соҳиби ду кӯдак низ худро бо ресмон овехтааст. Фарҳоди 36-сола аз Истаравшан низ дар рӯи ҳавлии хонааш худро ба дарахти себ овехта, то хабардор шудани наздиконаш ҷон додааст. Феълан нисбат ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад ва дар мавриди сабабҳои даст ба худкушӣ задани ин се нафар шарҳи бештар дода намешавад.

XS
SM
MD
LG