Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби Баъалшомин Бан Ки Мунро ошуфта кард


Ибодатгоҳи Баъалшомин (акс аз бойгонӣ)
Ибодатгоҳи Баъалшомин (акс аз бойгонӣ)

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, тахриби ибодатгоҳи қадима ва куштори бостоншиноси маъруф дар шаҳри Палмираи Сурия аз сӯи гурӯҳи «Давлати исломӣ»-ро шадидан маҳкум кард. Дар изҳороти СММ, ки рӯзи 25 август нашр шуд, омадааст, Дабири кулл аз идомаи террор ва нақзи қавонони байнулмилалӣ сахт ошуфтаву нигарон аст.

Як рӯз пеш раҳбари Раёсати ёдгориҳои бостонии Сурия Маъмун Абдулкарим гуфт, ҷангиён рӯзи 23 август “миқдори зиёди маводи таркандаро дар ибодатгоҳи Баъалшомин тарконданд, ки мунҷар ба осеби зиёд ба ин бино шудааст”. Аммо гурӯҳи дидбони ҳуқуқи башари Сурия, марказаш дар Бритониё, изҳор намуд, ки ситезаҷӯён Баъалшоминро ҳанӯз як моҳ пеш таркондаанд.

Бино ба хабарҳо, бар асари таркиш бархе аз сутунҳои бостонии Палмира низ осеб дидаанд.

Бан Ки Мун қатли сармуҳофиз ва яке аз пажуҳишгаронимаҷмааи меъмории бостонии Палмира Холид Асадро ҳам шадидан маҳкум кард. Бостоншиноси 81-сола, ки беш аз ним аср ба омӯзишу пажуҳиш дар Палмира машғул буд, баъди беш аз як моҳи асорат рӯзи 18 август эъдом шуд.

Ирина Бокова, раиси ЮНЕСКО, Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ, рӯзи душанбе тахриби ибодатгоҳро дар Палмира “боз як ҷинояти низомӣ ва талафоти ҷуброннопазир барои мардуми Сурия ва башарият” номида буд.

Палмира ба рӯйхати Мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил аст.
Баъалшомин, аз қадимитарин ёдгориҳои таърихии Сурия, дар соли 17-уми мелодӣ сохта ва соли 130 дар аҳди Адриан тавсиа дода шуд.

XS
SM
MD
LG