Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 нафар дар таркиши газ дар Ҳирот


Дар ҷойи ҳодиса
Дар ҷойи ҳодиса

Бар асари таркиши мошини ҳомили канистраҳои газ дар канори канори шаҳри Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, 11 нафар, асосан кӯдакон, ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса, ки шоми 24 август рӯй дод, 18 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Рафиқ Шерзай, як корманди бемористони минтақаӣ, гуфт, таркиш дар бунгоҳи маводи сӯхти ширкати газе ба вуқӯъ пайваст, ки дар наздикиҳои қароргоҳи паноҳандагони дохилӣ ҷойгир шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 10 нафар аз қурбониёни ҳодиса кӯдаконанд. Ба гуфтаи Рафиқ Шерзай, чаҳор нафар аз маҷрӯҳоне, ки беш аз 90 дар сади танашон сӯхтааст, барои табобат ба Эрон интиқол ёфтаанд.

Алҳол маълум нест, ки таркиши мошин бар асари тасодуф ба вуқӯъ пайваст ва ё он натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Ҳирот буд.

XS
SM
MD
LG