Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Экологҳои Суғд соҳиби ташхисгоҳи сайёр шуданд


Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ташхиси пурраву доимии обу ҳавову хок ва вазъи радиатсионии минтақа, ба хусус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ташхисгоҳи сайёри муосиреро харидорӣ кардааст. Ба гуфтаи мутахассисони ин ниҳод, нахустин ташхисгоҳи сайёр аз як микроавтобуси “Фолксваген” ва муҷаҳҳаз бо 5 навъ таҷҳизоти муосири ташхисӣ аз Русия, Амрико ва Олмон иборат буда, имкон медиҳад, тавассути он санҷиш, мониторинги пурраву доимии ҳолати обу ҳавою хок, ихроҷи газҳои зарарнок ба ҳаво ва вазъи радиатсионии минтақа зуд ва осон анҷом дода шавад.

Алишер Самадов, сардори шуъбаи назоратии ин раёсат ба Радиои Озодӣ гуфт, бартарии ташхисгоҳи сайёр дар он аст, ки ташхис дар ҷои санҷиш ва ба таври фаврӣ анҷом дода шавад. “Масалан, дар сурати ихроҷи гази зарарнок ба атмосфера дар корхонаи саноатӣ ё ҷои дигар ё аз селу обхезӣ шуста шудани партовгоҳи радиатсионӣ мо ба таври фаврӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, зуд ташхис мекунем,” – гуфт ӯ.

То ин замон ба гуфтаи мутахассони ҳифзи муҳити зист онҳо чунин ташхисҳои доимии ҳармоҳа ва фавриро дар ташхисгоҳ ва бо таҷҳизоти боқимонда аз Шӯравӣ мегузаронданд. Минтақаи шимолии Тоҷикистон корхонаҳои бузурги дорои маводи олуда ба радиоактив ва партовгоҳҳои радиатсионие дорад, ки дар давраи Шӯравӣ фаъол буданд ва ҳоло аз кор бозмондаанд. Партовгоҳҳои бузурги онҳо, ки бархе бозу нопӯшида боқӣ мондаанд, ба муҳити атроф зарар мерасонанд ва вилояти Суғдро ба як минтақаи аз нигоҳи экологӣ осебпазир табдил додаанд. Рӯди Сир аз байни минтақаи Суғд то Узбакистону Қазоқистон ҷорӣ мешавад ва гоҳе он кишварҳо дар бораи олуда шудани обу ҳаво дар ҳавзаи ин рӯд сару садоҳо баланд мекунанд.

XS
SM
MD
LG