Пайвандҳои дастрасӣ

Латту кӯб ва буридани гӯши як сокини Варзоб


Барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани омилони латту кӯб ва буридани гӯши Умар Саидов, сокини деҳаи Сарикӯтали ноҳияи Варзоб, як гурӯҳи махсус аз ҳисоби маъмурони пулис ташкил шудааст. То кунун чанде аз ҳамдеҳаҳои Саидов бозпурсӣ шуда, аммо маъмурони пулис мегӯянд, ҳанӯз пайи афроди мавриди ҷустуҷӯро пайдо накардаанд. “Тафтишоти пешакӣ ҳоло идома дорад,” – гуфт навбатдори Шӯъбаи пулиси ноҳияи Варзоб рӯзи 25 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ.

Ба қавли ӯ, афроди номаълум шаби 21 август дар наздикии хонааш Умар Саидовро латту кӯб карда, баъдан як гӯшашро аз бех буридаанд. “Баъд аз ҳаёҳӯи зиёд ҳамсояҳои Саидов ӯро бо сару рӯи пурхун ёфта, ба беморхонаи Қарияи Болои Душанбе меоранд,” – афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Ҳеч яке аз ҳамсояҳои Саидов афроди ба ӯ ҳамлакардаро надидаанд ва гӯши буридаи вай низ ёфт нашудааст. Ҳамлагарон ба гулӯву гардан ва рӯи Саидов низ бо корд се зарба задаанд. Худи Саидов пас аз дӯхта шудани захмҳояш дар беморхонаи Қарияи Боло ҳоло дар хонааш табобат мегирад, аммо ҳоло ҳам маҷоли гап задан надорад ва наметавонад бигӯяд, ки ҳамлаварон киҳо буданд. Умар Саидов соҳиби чор фарзанд буда, солҳои ахир аслан дар ноҳияи Варзоб ба таъмири мошинҳо машғул будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG