Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътироз алайҳи як корхонаи чинӣ дар Кӯлоб


Ҳудуди 30 тан аз кормандони ширкати “Имомаскара” дар шаҳри Кӯлоб ба нишони эътироз корпартоӣ карданд. Ин гурӯҳи кормандон, субҳи 25 август дар назди бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб гирди ҳам омада ва хостори бароварда кардани ниёзҳояшон аз мақомот шуданд.

Музаффар Қурбонов, яке аз коргарони ин корхона дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳадафи эътирозашонро ба пардохт нагардидани ҳаққи муздашон аз тарафи ширкати “Эмомаскара” донист, ки корхонаи тавлиди хишт машғул аст. Қурбонов мегӯяд, “кормандон дар муддати як моҳ 90 ҳазор дона хишт рехтаанд, ки маблағи умумии он 27 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аммо раҳбарияти корхона аз пардохти ин маблағ худдорӣ мекунад”.

Рустам Неъматов, муовини шаҳрдори Кӯлоб низ дар сӯҳбат бо эътирозгарон гуфтааст, ки “бо таваҷҷӯҳ ба он ки кормандони ин коргоҳ шартномаи меҳнатӣ бо корхона надоранд, ҳукумат коре карда наметавонад”. Аммо масъулони ширкати “Имомаскара”дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки омодаанд то нисфи ҳақмузди коргаронро пардохт намоянд.

Зеро ба таъкиди масъулони ин корхона, коргарон корро пурра иҷро накардаанд ва дар сурати комил иҷро шудани корҳо маблағро низ пурра дарёфт хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, ин гурӯҳи кормандон мегӯянд, дар сурати бароварда нашудани талабашон онҳо даст ба харобкории корҳои кардаашон дар корхонаи навтаъсиси тавлиди хишт мешаванд.

Ин корхона ҳудуди панҷ моҳи пеш дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби сармоягузорони чинӣ фаъол шудааст.

XS
SM
MD
LG