Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Тайланд


Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов
Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов

​Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни мардон дар Бангкоки Тайланд ширкат мекунанд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни мардон, ки аз 26 август то 6 сентябр дар пойтахти Тайланд – Бангкок – баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Мирзо Шамсиев, сармураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, «ба ҳайати мунтахаби кишвар беҳтарин муштзанҳои тоҷик, ба мисли Анвар Юнусов (60 кг), Ҷаҳон Қурбонов (91 кг), Шавкат Раҳимов (64 кг), Муродҷон Расулов (49 кг), Воҳид Асроров (56 кг) ва дигарон дохиланд».

Ба гуфтаи ҷаноби Шамсиев, варзишгароне, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 7-умро ишғол мекунанд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон мушарраф мешаванд. Сабқати ҷаҳонӣ аз 5-ум то 18-уми октябри соли равон дар Қатар барпо мегардад.

Мирзо Шамсиев, инчунин иттилоъ дод, ки варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Барои занон мусобиқаи интихобӣ моҳи феврали соли 2016 баргузор мешавад. Мардон бошанд, соли оянда дар ду мусобиқаи интихобӣ – моҳи март дар Чин ва моҳи июн дар Боку – ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG