Пайвандҳои дастрасӣ

Бозорҳои бурс дар саросари ҷаҳон рӯзи 24 август дар пасманзари нигарониҳо аз кунд шудани рушди иқтисодии Чин башиддат фурӯ рафтанд. Индекси Dow Jones дар Уолл-Стрит дар оғози кори биржа беш аз 5 дарсад пойин рафт. Бозорҳо дар Лондону Порис ва Франкфурт низ дар савдоҳои баъд аз зӯҳр 5 дарсад бохтанд. Бозори саҳоми Осиё шаби гузашта дучори уфт шгуд ва қимати саҳом танҳо дар бозори Шанхай дар Чин 8,5 дарсад коҳиш ёфт. Сармоядорон аз сруъати рушди Чин – дуюмин иқтисоди бузурги дунё - дар ташвишанд. Нархи маводи сӯхт низ башиддат пойин меравад ва нархи як бушка нафти хоми Амрико аз 40 доллар пойин шуд. Нигарониҳо аз Чин ва коҳиши нархи нафт боиси аз марзи 70 рубл гузаштани қурби як доллар дар Русиядар рӯзи 24 август шуд.

XS
SM
MD
LG