Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дӯстумиҳо ба мо таҷовуз мекунанд..."


Мақомоти Форёб хабари азияту яғмои дороии мардум ва беномусӣ аз сӯи нерӯҳои таҳти фармони генерал Абдулрашид Дӯстумро рад карданд. Вале як вакили парлумони Афғонистон мегӯяд, ки барои баррасии шикояти мардум як гурӯҳи махсус ба Форёб меравад.

Аз озору азият ва ғорати молу авмолашон ва "беномусӣ" аз сӯи мусаллаҳони ворид ба амалиёти “Алмос” сокинони мавзеҳои Шох ва Хоҷа Кентии волусволии Қайсор шикоят карданд. Ба ин амалиёт, ки ёздаҳ рӯз пеш ба хотири поксозии вилояти Форёб шурӯъ шуд, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон генерал Абдулрашид Дӯстум раҳбарӣ мекунад.

генерал Дӯстум дар Форёб
генерал Дӯстум дар Форёб

Афроди туфангбадаст ба манзилҳои мо даромада, пулу дороӣ ва мотосиклҳои моро ба яғмо бурдаанд, гуфтааст як сокини Хоҷа Кентӣ дар паёме ба Радиои Афғонистони Озод. “Магар онҳо қумандон надоранд, ки пеши роҳашонро бигирад ва моро азият накунанд. Қасам ба Қуръон, ки онҳо азият мекунанд... Онҳо аз Худо наметарсанд, ки даст ба ин аъмол мезананд?”-суол кардааст яке аз сокинони маҳаллӣ.

Як сокини мавзеи Шох гуфтааст, ки мусаллаҳони Дӯстум ба паштунҳо таҷовуз кардаанд, аммо, маълум нест, ки гап сари чӣ гуна таҷовуз меравад. Аз ин пеш худи генерал Дӯстум дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "тарғибот зиёд аст, ки Дӯстум ба Форёб рафта паштунҳоро саркӯб мекунад... Дурӯғу таблиғоти бемаънӣ. Мо ин ҷо ба умеди ҳамин қавмҳои паштун омадем. Шумо мебинед, ки чӣ қадар паштунҳо даври мо ҷамъ шудаанд..."

МАРДУМРО АРБАКИҲО АЗИЯТУ ҒОРАТ МЕКУНАНД

Азияту озори афроди силоҳбадаст мардуми Қайсорро маҷбур сохтаанд, ки манзил ва боғу заминашонро тарк карда, дар мавзеъҳои амнтар панаҳ баранд. Нақибуллоҳ Фоиқ, вакили парлумони Афғонистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ инро тайид кард ва гуфт, ки “ҷанг аст, ташвиши мардум баҷо аст, зеро мардум мазлум аст, чун минтақаҳо ҳар рӯз аз даст ба даст мегузаранд, сокинон аз кору бор мемонанд. Барои ман воқеъан дардовар буд, ки кӯчкашии гурӯҳ-гурӯҳ атфоли масъум ва модаронро бо чашми худ дидам, афзуд сиёсатмадори афғон.

Шукрия Борикзай
Шукрия Борикзай

Дар ҳамин ҳол, як сокини Хоҷа Кентӣ язияту яғмои дороии мардум аз сӯи нерӯҳои генерал Дӯстумро рад карда, гуфтааст, ки дар ин аъмоли зишт асосан арбакиҳои маҳаллӣ даст доранд. Арбакиҳо – туфангдороне ҳастанд, ки аз куҷо ва чӣ гуна соҳиби туфанг шуданашон маълум нест, онҳо мансуб ба нерӯҳои давлатӣ нестанд ва пас аз шурӯи амалиёти “Алмос” ихтиёрӣ бо нерӯҳои ҳукуматии таҳти фармони генерал Дӯстум ҳамроҳ шуданд, мегӯяд Шукрия Борикзай, дигар вакили парлумони Афғонистон.

Мақомоти давлатӣ ва аъзои парлумон дар бораи азияту шиканҷаи мардум аз сӯи гурӯҳҳои туфангбадаст иттилои зиёд мегирифтанд ва аммо ҳафтаҳои ахир ин шикоятҳо камтар шудааст. Дар ҳар амалиёт ҳатман гурӯҳе ҳаст, ки норозӣ мемонад, зеро манфиатҳояш поймол мешавад, вале нерӯҳои ҳукуматӣ даст ба азобу азияти мардуми осоишта намезананд, чун масъулияти худ барои дифоъ аз якпорчагии кишвар ва ҷону молу номуси мардумро дарк мекунанд, мутмаин аст хонум Борикзай.. Бо вуҷуди ин, баъд аз хатми таътили парлумон, як гурӯҳи махсус барои таҳқиқи шикояти мардум ба Форёб фиристода мешавад. Ва агар далелҳои азияту шиканҷа, ғасби дороии мардум ва беномусӣ ошкор шавад, муҷримон ҳатман пайдо ва муҷлзот хоҳанд шуд.

БАЪДИ ФОРЁБ НАВБАТИ ҚУНДУЗ АСТ

Бино ба иттилои ахир, дар ёздаҳумин рӯзи амалиёти “Алмос” манотиқи сарҳадии волусволии Алмори вилояти Форёб дубора таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифт. Солеҳмуҳаммад Солеҳ, раиси волусволии Алмор, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз амалиёт фазои амну оромӣ ба 16 рустои хурду бузурги асосан пуштуннишини волусволиҳои Аомор, Форёб ва Пуштункут баргашт. Тақрибан 80 тан аз толибони мусаллаҳ силоҳ ба замин гузоштанд. Музокирот бо гурӯҳҳои боқимондаи “Толибон” барои пайвастан ба раванди сулҳ идома дорад, гуфтааст яке аз ёварони генерал Дустум ба расонаҳои чопи Кобул. Аммо худи толибон дар ин бора ҳанӯз изҳороте нашр накардаанд.

Амалиёти “Алмос”зери раҳбарии генерал Дӯстум рӯзи 13 август шурӯъ шуд ва фақат дар ду рӯзи аввал, ба гуфтаи Муҳаммадризо Ризоӣ, сухангӯи артиш, нерӯҳои ҳукуматӣ 25 километр ба дарунтари Форёб роҳ ёфта, 23 русторо аз толибон озод карданд. Дар амалиёт дар баробари нерӯҳои заминӣ аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳам истифода мешавад.

Генерал Абдуррашид Дӯстум чанд рӯз пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар амалиёт низомиёни вазорати дифоъ ва кормандони амниятӣ ширкат доранд. Ӯ тасдиқ кард, ки миёни кушташудаҳо дар рӯзҳои аввали амалиёт ҷангиёни хориҷӣ -арабҳо,чеченҳо, ӯзбакистониҳо ошкор шуданд. Яке дигар аз муваффақиятҳои нирӯҳои давлатӣ дар кашфу хунсосозии минаҳои канори роҳ будааст, гуфт Дӯстум.

Аввалҳои мои гузашта ситезаҷӯёни мансуб ба ҷунбиши "Толибон" дар ҳадди аққал панҷ вилояти шимолии Афғонистон – Бадахшон, Тахор, Қундуз, Форёб ва Ҷузҷон мустақар шудаанд. Вазъ ба вижа, дар вилояти Форёби ҳаммарз бо Туркманистон нигаронии шадиди Кобулро ба бор овард. Густариши амалиёти толибон генерал Дӯстум, волии вилояти Балх Ато Муҳаммади Нур ва муовини раиси иҷроияи Афғонистон Ҳоҷӣ Муҳаммад Муҳаққиқро водор кард, ки ба хотири поксозии шимоли кишвар эътилоф таъсис кунанд.

Бар пояи нақша, амалиёти “Алмос” дар чанд марҳила дар вилояти Форёб баргузор мешавад ва чун амалиёти ҳамсоне дар вилояти Бодғис ҳам идора дорад, қарор аст, ки нерӯҳои ҳарду минтақа ба ҳам бипайванданд.

Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки амалиёти “Алмос” боиси мутаваққиф шудани пешрафти “Толибон” ва ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давдати исломӣ” дар дигар мавзеъҳои шимоли Афғонистон шудааст. Мӯъмин, як фармондеҳи шаҳри Имом-Соҳиб, рӯзи 24 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, миёни мардум овозаҳое ҳаст, ки генерал Дӯстум баъд аз Форёб барои поксозии Қундуз аз толибону ҷангиёни хориҷӣ иқдом мекунад.

XS
SM
MD
LG