Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Агар тарҳи иловаҳо ба Қонуни "Хидмати давлатӣ" қабул шавад, он вақт мансабдорони тоҷик аз гузоштани пулҳояшон дар бонкҳои хориҷӣ маҳрум шуда, ҳаққи гирифтани тӯҳфаҳо ва қарзро низ нахоҳанд дошт.

Дар сурати ба тасвиб расидани чанд тағйиру илова ба Қонуни "Хидмати давлатӣ" мансабдорони тоҷик аз доштани суратҳисоб ва ҳифзи пулҳояшон дар бонкҳои хориҷӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Ин тарҳи иловаҳоро Қаҳҳор Маҳкамов -- узви доимии Маҷлиси Миллӣ ва раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон ва Иброҳим Абдуллозода -- вакили Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кардаанд. Ҳоло тарҳ дар баррасии парлумон қарор дорад ва муаллифонаш мегӯянд, ҳадаф ин аст, ки "маблағҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ нараванд".

Бар асоси тағийроти нав, дар ҳоле ки хидматчии давлатӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон суртаҳисоб ва пасандоз дошта бошад ва, инчунин, пулу воситаҳои қиматбаҳои нақдӣ ва молиявии хориҷиро нигаҳ дорад, аз вазифа озод хоҳад шуд. Дар баробари ин, ба хотири ба вуҷуд наомадани бархӯрди манфиатҳо мансабдорон ҳақ нахоҳанд дошт, ки узви Шӯрои саҳомон ваё директорони ширкатҳои саҳомӣ бошанд.

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, рӯзи 24 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи мазкур алакай дар Шӯрои парлумон баррасӣ шуда, барои омӯзиш ба кумитаҳо ирсол гардидааст.

Ӯ гуфт, ки тағйиру иловаҳо пеш аз ҳама барои бештар кардани масъулияти хидматчиёни давлатӣ дар назди қонун ва ҷомеа ворид шудаанд. "Аз ҷумла, хидматчиёни давлатӣ набояд маблағҳои худро дар бонкҳои хориҷӣ нигаҳ доранд, зеро агар онҳо ин маблағро дар бонкҳои Тоҷикистон пасандоз намоянд, дар ин ҳолат маблағҳои мазкур дар рушди кишвар саҳм хоҳанд гузошт," -- мегӯяд ин намояндаи мардумӣ.

Намояндагони мардумӣ мегӯянд, ки лоиҳаи мазкур боз чандин маҳдудиятҳои дигарро дар фаъолияти мансабдорони тоҷик ҷорӣ мекунад. Аз ҷумла, бар асоси ин иловаҳо барои хидматчиёни давлатӣ иштирок дар маросимҳои ғайрихонаводагӣ ва муаррифии онҳо чун мансабдор дар ин маъракаҳо манъ аст. Ин пешниҳод аз сӯи муаллифони тарҳ ба хотири риоя намудани танзими расму оин ворид шудааст.

Бар иловаи маҳдудиятҳои боло хидматчиёни давлатӣ ҳаққи гирифтани тӯҳфаҳои пуливу молӣ, қарз, пардохти вақтхушӣ, истироҳат ва хароҷоти нақлиётиро нахоҳанд дошт. Онҳо ҳамчунин иҷозат надоранд, ки аз ҳисоби маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон сафар намоянд. Туҳфаҳоеро, ки мақомдорҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои расмӣ, сафарҳои хидматӣ ба мақомдорҳо дарёфт мекунанд, бояд ба давлат супурда шаванд.

Ҳеҷ мақомдоре дар Тоҷикистон то ҳол мавҷудияти ҳисоби бонкиашро дар кишварҳои хориҷ ошкор накардааст. Ба фарқ аз давлатҳои дигар, ки ҳамасола мансабдорон эъломияи дороиҳои худро ба ҷомеа ошкор мекунанд, дар Тоҷикистон Кумитаи андоз ба далели "хусусӣ" будани эъломияи мақомдор ҳеч гоҳ дориҳои онҳоро ошкор намекунад. Аз ин рӯ, пулдории мақомдорҳои тоҷик дар сатҳи шоеа ё овозаҳо боқӣ мондааст.

Давлати Усмон

Давлати Усмон

Давлати Усмон, собиқ вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоте, ки ҳоло кишвар бо он рӯбарӯст, ба хотири ҳифзи арзи дохилӣ ва ҷилавгирӣ аз пулшӯӣ, мақомот маҷбур шудаанд, чунин маҳдудиятҳоро пешниҳод кунанд. Вале ӯ бовар дорад, Тоҷикистон аз пайроҳае меравад, ки кишварҳои дигар, бахусус Русия онро чанде пештар тай кардаанд. "Ҳар нафаре, ки мехоҳад мансабдор шавад, маҷбур аст, ин маҳдудиятҳоро қабул кунад," -- мегӯяд Давлати Усмон.

Ҳоло дар Тоҷикистон 18 ҳазору 582 хизматчии давлатӣ сабт шудаанд, ки аз ин шумора 4 ҳазору 414 нафарашро зан ва 7 ҳазору 968 нафари дигарро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад. Маоши онҳо ба собиқаи кори хидмати давлатӣ ва категорияи корашон вобаста буда, ба ҳисоби миёна 1065 сомонӣ аст.

Пешниҳоди манъи нигаҳдории пули мансабдорони тоҷик дар бонкҳои хориҷӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки дар Тоҷикистон чанд ширкати маъмули оффшорие бо муввафақият кор мекунанд, ки моликони аслияшон маълум нест. Аз ҷумла, ширкати нигоҳубини роҳи Душанбе –Чаноқ -- IRS ва ширкати Талко-Менеҷмент, ки аз коршарикони муҳими корхонаи тавлиди алюминиюм - Талко аст.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон шумори ширкатҳои оффшорӣ ва моликони аслӣ ва маблағҳои аз Тоҷикистон ба ин қабил минтақаҳо ирсолшударо аз матубот пинҳон медоранд, аммо охири соли 2013 Маркази таҳқиқотии Tax Justice Network сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар баровард карда буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG