Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии як шаҳрванди Чин аз асорати Толибон


Вазири дохилаи Покистон гуфт, дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои давлатӣ як сайёҳи чиниро, ки чанд моҳ боз дар асорати Толибон буд, раҳо кардаанд. Саудрӣ Нисол Алӣ Хон ҷузъиёти амалиёт ва исми сайёҳи раҳошударо ошкор накард, вале гуфт, ин мард ба зудӣ ба мақомоти Чин супурда хоҳад шуд. Аммо танҳо шаҳрванди Чин, ки дар асорати Толибон қарор дошт, Ҳонг Судонг буд, ки дар моҳи майи соли 2014 дар шаҳри Дараи Исмоилхон дар шимолуғарби Покистон рабуда шуд. Масъулияти он одамрабоиро яке аз гурӯҳҳои марбут ба Таҳрики Толибони Покистон бар ӯҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG