Пайвандҳои дастрасӣ

Рубтсов афваш аз сӯи Лукашенкаро ҳила номид


Рубтсов. Акс аз бойгонӣ

Рубтсов. Акс аз бойгонӣ

Як фаъоли ҳуқуқи озодшудаи Беларус, ки бо шиори “Лукашенка, бирав!” дар футболкааш дар ҷараёни мурофиа маъруф шуда буд, афви ӯву 5 маҳбуси дигар аз сӯи раисиҷумҳур Аляксандр Лукашенкаро “ҳила” номид. Юрий Рубтсов рӯзи 23 август дар зодгоҳаш – шаҳри Ҳомел – ба хабарнигорон гуфт, “Лукашенка бо раҳоии мардуме, ки қаблан худаш гаравгон гирифта буд, ҳилаи наверо намоиш дод.” Рубтсов аз ҷумла 6 маҳбуси сиёсие буд, ки шаби 22 ба 23 август дар пайи фармони афви Лукашенка озод шуданд. Дар байни онҳо номзади собиқ ба президентии Беларус Микалай Статкевич ҳам буд. Лукашенка тайи 20 соли раҳбариаш нисбат ба дигарандешон ва мухолифин ҳусни таҳаммули чандоне нишон надодааст. Афви ахир дар пешорӯи омодагиҳо ба интихоботи навбатии президентии Беларус аст, ки рӯзи 11 октябр доир мешавад.

XS
SM
MD
LG