Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътои ордени Легиони ифтихорӣ ба 4 хориҷӣ


Фаронса се амрикоӣ ва як бритониёиро барои аз қатори пурмусофир берун андохтани як марди мусаллаҳ бо баландтарин нишони давлатиаш – ордени Легиони ифтихорӣ – сарфароз кард. Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд рӯзи 24 август ин ордени мӯътабарро ба низомиҳои амрикоӣ Спенсер Стоун, Алек Скарлатос, шарики сеюми онҳо Энтони Садлер ва соҳибкори бритониёӣ Крис Норман супурд. Онҳо рӯзи 21 август монеи ба қатори мусофирбар ворид шудани як марди мусаллаҳ бо камони шикорӣ шуда буданд. Марде, ки баъдан дастгир шуд, марокашии 26-сола Аюб Хазонӣ будааст. Вакили Хазонӣ мегӯяд, ки вай аз терроризм қаламдод шудани аъмолаш "ба даҳшат афтодааст." Аммо Ҳолланд зимни эътои орденҳо гуфт, ки ин 4 мард “нишон доданд, ки дар муқобили террор мо ҳаққи муқовимат дорем. Шумо ҳамчунин ба ҳама дарси мардонагӣ додед.”

XS
SM
MD
LG